Пентагон: Афғонистон ҳамчунон ба кӯмакҳои хориҷӣ бастагӣ дорад

Обуна шудан
Коршиносони низомии Пентагон гузоришеро мунташир карданд, ки бар асоси он бароварда мешавад, ки нерӯҳои низомии Афғонистон ҳанӯз қодир нестанд, ки аз таҳдидоти гурӯҳҳои мусаллаҳи фаъол дар қаламрави кишвар мустақилона ҷилавгирӣ кунанд.

ДУШАНБЕ, 18 июн — Sputnik. Ба нерӯҳои мусаллаҳи Афғонистон боз солҳо кӯмакҳои хориҷӣ зарур аст, ки тавонанд мустақилона амният ва суббот дар кишварро таъмин карда тавонанд, омадааст дар гузориши ҷадиди вазорати дифоъи Амрико, ки рӯзи сешанбе ба порлумони ин кишвар ироъа шуд.

Зикр шудааст, ки Афғонистон то ҳол наметавонад мустақилона аз таҳдидоти гурӯҳҳои мусаллаҳи фаъол дар қаламрави кишвар назири "Ал-Қоида", "Толибон", "Давлати исломӣ" ва "Шабакаи Ҳаққонӣ" ҷилавгирӣ кунад.

"Ҳар яке аз ин гурӯҳҳо дар оянда низ дар пасманзари хуруҷи нерӯҳои хориҷӣ талош мекунанд, ки мавқеъи худро ҳифз кунанду ба Афғонистон ва дар маҷмӯъ ба НАТО хатарзо ҳастанд", — омадааст дар гузориш.

Ҷангҷӯёни Толибон дар роҳи Бағлон. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Дар шимолу шарқи Афғонистон дастикам 30 толиб кушта шуданд

Вале зикр мешавад, ки феълан ИМА пайдо шудани ҳузури "Давлати исломӣ" дар Афғонистон бештар нигарон кардааст. Коршиносони Пентагон бар ин назаранд, ки ин гурӯҳи террористӣ дар соли 2016 низ талоши худ барои тавсеъаи ҳузури худ дар Афғонистонро идома дода ва ҳатто дар ин замина бо ҷунбиши "Толибон" ва гурӯҳҳои дигари террористӣ рақобат хоҳад кард.

Дар Пентагон муътақиданд, ки сарчашмаи ин таҳдидот тавлидоти маводди мухаддир аст, ки бахши аслии сармоягузории фаъолиятҳои ин гурӯҳҳои террористиро таъмин мекунад.

Ба ин далел, бо вуҷуди даст ёфтан ба пешрафтҳое дар бахши таъмини амният дар Афғонистон, ин кишвар ба кӯмакҳо барои мустақилият солҳои тӯлонӣ ниёз хоҳад дошт.

Дар миёни мушкилоти дигари ниҳодҳои интизомии Афғонистон дар гузориш камбуди васоили низомӣ ва силоҳ, камбуди таъминоти пизишкӣ ва моддӣ ва ҳамчунин мизони баланди фасод ном бурда шудаанд.

Лентаи хабарҳо
0