16:10 25 майи 2020
Пахши мустақим
  • USD10.27
  • EUR11.19
  • RUB0.14
Амният
Гирифтани линки кӯтоҳ
18 0 0

Собиқ фармондеҳи ОМОН дубора дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва бойгонии наворҳои видеоӣ ҳузур пайдо карда бори дигар далоили пайвастанаш ба суфуфи "ДИ“-ро тавзеъ дод.

ДУШАНБЕ, 19 июн — Sputnik. Фармондеҳи собиқи ОМОН-и ВКД Тоҷикистон Гулмурод Ҳалимов, ки ба суфуфи "Давлати исломӣ" пайвастааст, дар навори видеоии ҷадиди худ дар Youtube изҳор дошт, ки ҳатто сари бародари худро агар вай аз имонаш рӯй гардонад, хоҳад бурид.

Дар навори видеоӣ, ки ҳафтаи ҷорӣ пайдо шуд, полковники фирорӣ иддаъо дорад, ки вай "кофирон ва муртадҳоро қатл хоҳад кард, на мусалмононро".

"Вале агар бародарам муртад шаваду алайҳи мо биҷангад, ба номи Оллоҳ, ман сари ӯро аз танаш ҷудо мекунам. Вале силоҳи ман алайҳи бародаронамон — мусалмонон истифода намешавад", — гуфт вай.

Ҳамчунин собиқ фармондеҳи ОМОН гуфт, ки қатли яке аз фаъолони ДИ Абу Холиди Кӯлобӣ (Махсум Нусрат) ҳадафи фирори вай ба Сурия набудааст.

Собиқ фармондеҳи 40 солаи ОМОН дар авохири моҳи апрел нопадид шуд ва баъд аз як моҳ бо навори видеоӣ муроҷиъат карда, хабар дод, ки ба нишони эътироз аз наҳваи фаъолияти ВКД ба суфуфи ДИ пайвастааст.

Дар Тоҷикистон алайҳи Ҳалимов тибқи чанд моддаи қонуни ҷиноӣ парвандаи ҷиноӣ боз шуд. Сарҳанги фирорӣ дар пайгарди қонунии байналмиллалӣ эълом шудааст.

Мавзуъ

Фармондеҳи нави “ОМОН” таъйин шуд
Исми фармондеҳи ОМОН аз феҳрасти Интерпол ҳазв шуд
Интерпол фармондеҳи ОМОН-и Тоҷикистонро мавриди пайгард қарор дод
Собиқ фармондеҳи ОМОН дар бораи пайвастанаш ба ДИ изҳор доштааст
Шарҳи мақомот дар бораи "гумшавӣ"-и фармондеҳи “ОМОН”
ВАО: эҳтимоли боздошти фармондеҳи “ОМОН”
Барчаспҳо:
муроҷиъати ҷадиди видеоии сарҳанг Ҳалимов, ОМОН, ДИ, Абу Холиди Кӯлобӣ, Гулмурод Ҳалимов, Сурия, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ