09:43 11 июли 2020
Пахши мустақим
  • USD10.31
  • EUR11.64
  • RUB0.14
Амният
Гирифтани линки кӯтоҳ
63 0 0

Расонаҳои маҳаллӣ бо такя ба нашрияи “Arabi-Press”-и Лубнон менависанд, ки Гулмурод Ҳалимов - фармондеҳи собиқи ОМОН-и Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар пайи ҳамлаҳои мушакии нерӯҳои артиши Сурия кушта шудааст.

ДУШАНБЕ, 23 июн — Sputnik. Нашрияи "Arabi-Press"-и Лубнон аз ҳалокати Гулмурод Ҳалимов, сардори собиқи ОМОН-и Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, дар Сурия хабар дод, ки як моҳи пеш эълон карда буд, ба гуруҳи "Давлати исломӣ" пайвастааст, менависад ОИ Tojnews.

Ин нашрия 22 июн бо такя ба манобеи худ навишт, ҳамла ба Гулмурод Ҳалимов ва бархе дигар аз раҳбарони "Давлати исломӣ", аз ҷумла Абу Умар Шешонӣ, шоми ҷумъаи гузашта (19 июн) дар минтақаи Дайр Аз-Зури шаҳри Муҳассан дар пайи ҳамлаи мушакии нерӯҳои давлатии Сурия иттифоқ уфтодааст.

Ба қавли манбаъ, ҳамла замоне сурат гирифтааст, ки Ҳалимову Шешонӣ ва дигар аз раҳбарони хориҷии ДОИШ дар як хона нақшаи амалиёти муҳими ҷангӣ ба фурудгоҳи низомии Дайр аз-Зорро мекашидаанд. "Араби Пресс" мегӯяд, "онҳо дар яке аз хонаҳо дар наздикии масҷид ҷамъ омада, интизори расидани корвони бузурги техникаи ҳарбӣ аз Ироқ буданд. Аммо соати 11-и шаб дар пайи зарбаи мушакӣ биное, ки он ҷо ҷаласа ҷараён дошт, хароб шуд".

Дар пайи ин ҳамла Гулмурод Ҳалимов ба ҳалокат расида, Абу Умари Шешонӣ сахт маҷрӯҳ шудааст. Яке аз манобеи "Араби Пресс" гуфтааст, яке аз раҳбарони ДОИШ тавассути телефон ба мақоми дигараш хабари марги Гулмурод Ҳалимов ва маҷруҳ шудани Абуумар Шешониро низ расондааст. Ба иттилои ин нашрия, рӯзи шанбеи 20 июн ҷасади Ҳалимов ба сӯи Ироқ ва Шешонӣ ба тарафи Раққаи Сурия, ки аз пойгоҳҳои муҳими гурӯҳи Давлати исломӣ мебошад, бурда шудаанд.

Дар ҳамин ҳол, Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз ҳалокати Гулмурод Ҳалимов дар Сурия изҳори бехабарӣ карда ва гуфтанд, то ҳоло дар ин бора иттилоъ дастрас накардаанд. Як манбаъ аз Шӯрои амнияти Тоҷикистон ба "Радиои Озодӣ" гуфтааст, ки то кунун аз кушта шудани полковник Гулмурод Ҳалимов хабар надоранд.

Полковник Гулмурод Ҳалимов рӯзи 27 май, баъди як моҳи бе ному нишон шуданаш, бо нашри видео эълон кард, ки ба гурӯҳи "Давлати исломӣ" пайвастааст ва ҳушдор дод, ки бо "ҷиҳод" ба Тоҷикистон бармегардад. Дар ин навори тақрибан 13-дақиқаӣ фармондеҳи пешини ОМОН мегӯяд, бо норозигӣ аз шеваи кори Вазорати умури дохилии Тоҷикистон дар робита бо намоз ва либоси исломӣ ва, инчунин, тамринҳои ҳарбияш дар Русия ва Иёлоти Муттаҳида ба ин роҳ рафтааст. Ба гуфтаи ӯ, яке аз ин машқҳояш дар иёлати Луизиана баргузор шудааст ва Вазорати корҳои хориҷаи Амрико низ иддаои Ҳалимовро таъйид намуд.

Барчаспҳо:
пайвастан, фирор, ду нафар, 19 июн, ҳавоӣ, ҳамла, хабар, ҳалокат, ДИИШ, Гулмурод Ҳалимов, Ироқ, Сурия

Мавзӯъҳои асосӣ