18:31 19 феврали 2018
Пахши мустақим
Муноқишаи ҳарбӣ дар Сурия. Акс аз бойгонӣ

ВКД: як зани тоҷик мехоҳад, ӯро аз Сурия ба ватан баргардонем

© Sputnik / Андрей Стенин
Амният
Гирифтани линки кӯтоҳ
240 0 0

Шоми 30 июн Вазорати корҳои дохилӣ бо нашри як гузориш дар телевизиони давлатӣ, аз як зани 33 – солаи сокини Душанбе қисса кард, ки вай барои баргардониданаш аз Сурия ба ватан аз ВКД кӯмак хостааст.

ДУШАНБЕ, 1 июл — Sputnik. Як зани 33-солаи сокини шаҳри Душанбе аз Вазорати умури дохилии Тоҷикистон хостааст, барои аз Сурия ба Ватан баргардониданаш кӯмак расонанд, менависад хабаргузории "Озодагон".

Вазорат гуфтааст, Зарина Сардорова, модари ду фарзанд, моҳи январи соли равон ба модар ва шавҳараш гуфта, ки қасди истироҳат дар шаҳри Истамбули Туркияро дорад, "аммо дар асл мақсади ба Сурия рафтанро доштааст".

Вазорат дар гузориши телевизионие гуфт, Зарина ба наздиконаш ваъда медиҳад, ки ба Истамбул рафта, баъди як ҳафта бармегардад.

"Шавҳри ӯ, Рустам Раҳмонов ба хотири барқарор кардани саломатӣ ва сайёҳати ҳамсараш аз бонк се ҳазор доллари амрикоӣ қарз гирифта, умедвор буд, ки пас аз ҳафтае ҳамсараш ба хона бармегардад. Вале аз ваъдаи бозгашти Зарина ҳафтаҳо сипарӣ мешуду аз ӯ хабаре набуд. Кормандони Вазорати умури дохилии Тоҷикистон дар натиҷаи доир кардани корҳои оперативӣ-ҷустуҷӯи ошкор намудаанд, ки Зарина на дар Туркия, балки дар давлати Сурия қарор дорад", — ба нақл аз гузориши ВКД навиштааст хабаргузорӣ.

Ба иттилои манбаъ, бо гузашти ҳафтаҳо аз нопадид шуданаш Зарина тавассути "Вайбер"-и "Одноклассники" аз худ хабар дода, аз мақомоти Тоҷикистон хоҳиш намудааст, барои баргаштанаш ба Тоҷикистон ба ӯ кӯмак намоянд.

"Пас аз ҳақиқати ҳолро бо чашмони худ дидан ва зери фишори шавҳари сеюм афтодан Зарина аз мақомоти Тоҷикистон хоҳиши ба Ватан баргаштанро намудааст", — зикр шудааст дар гузориш.

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, Зарина ҳангоми дар Ватан будан дар як вақт бо ду мард зиндагӣ мекардааст. Ба иттилои ин ниҳод, баъди ба Сурия рафтани Зарина ҳамсари якумаш — Рустам Раҳмонов хабардор мешавад, ки ӯ шавҳари дигар низ доштааст. Ба иттилои ВУД, Зарина дар Сурия бори сеюм бо як марди дигар хонадор шудааст.

Дар гузориши телевизионӣ гуфта шуд, никоҳи мусалмонии Зарина бо шавҳари дувумашро дар Душанбе раиси бахши Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ анҷом додааст. Ҳамсари дувуми ин зан дар гузориши телевизионӣ гуфт, аз шавҳар доштани Зарина хабар надошт. Ба қавли ӯ, Зарина вақти шиносоӣ гуфтааст, ки шавҳару кӯдак надорад. Дар гузориши ВКД, духтаре сухан кард, ки ба қавли муаллиф фарзанди Зарина Сардорова мебошад. Вай изҳор дошт, модараш ба онҳо таъкид мекард, назди ҳамсари дувумаш ӯро на модар, балки амма гӯянд. Ин ҷавондухтар дар ҳоле ки гиря мекард, гуфт, "модар баргард, туро ёд кардаам".

Ба омори расмии мақомот, то ба имрӯз ҳудуди 400 тан аз шаҳрвандони Тоҷикистон дар ҷангҳои Сурия ва Ироқ ширкат доранд. Гуфта мешавад, чанде аз ин нафарон зан ва фарзандҳои худро низ бурдаанд.

Барчаспҳо:
"зани се шавҳара", ба ватан, баргаштан, кӯмакхоҳӣ, "Давлати исломӣ", ВКД, Зарина Сардорова, Сурия, Душанбе

Мавзӯъҳои асосӣ