Дар Сурия яке аз раҳбарони “ДИ” кушта шуд

© USAF, M. AmmonsҲавопаймои амрикоии F-15E бомб партоб мекунад. Акс аз бойгонӣ
Ҳавопаймои амрикоии F-15E бомб партоб мекунад. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ал Харзи яке аз раҳбарони саршинос ва обрӯманди гурӯҳи “ДИ” буд ва маҳви ӯ зарфияти таблиғотии ин созмонро коҳиш медиҳад.

ДУШАНБЕ, 3 июл — Sputnik. Яке аз раҳбарони созмони террористии "Давлати исломӣ" Тариқ ал-Харзи дар Сурия дар пайи зарбаи ҳавопаймои бидуни сарнишини амрикоӣ 16 июн кушта шудааст, хабар медиҳад РИА Новости бо истинод ба намояндаи Пентагон капитани нерӯҳои ҳавоӣ Ҷефф Дэвис.

Тариқ бин Тахар ал-Авни ал-Харзи дар пайи зарбаи ҳавоӣ ҳанӯз 16 июн дар шаҳри Шаддади Сурия кушта шудааст. Рӯзе қабл дар Ироқ бародараш Алӣ низ кушта шуда буд.

Лаҳзаи навои видеоӣ, ки дар он Ҳалимов аз пайвастани худ ба ДИ хабар медиҳад - Sputnik Тоҷикистон
Интерпол фармондеҳи ОМОН-и Тоҷикистонро мавриди пайгард қарор дод

Ал-Харзи ба таблиғот ва интиқоли ҷиҳодиён ба Сурия ва Ироқ машғул буд. Зикр мешавад, ки вай яке аз бонуфузтарин ва раҳбарони саршиноси "ДИ" буд, ки маҳви ӯ ба зарфияти ҷалби ҷнгҷӯён ба суфуфи ин созмон латма ворид месозад.

"ДИ" бахши қобили мулоҳизаи қаламрави Ироқ ва Сурияро забт карда, тибқи иттилоъи манобеъи мухталиф дар суфуфи ин созмон то 200 ҳазор нафар ҷангҷӯён меҷанганд.

 

 

 

 

Лентаи хабарҳо
0