Нашрияи Telegraph харитаи хатароти ҳамалоти террористиро таҳия кард

© Flickr \ Oleg BrovkoҶаҳонгардони хориҷӣ дар Помир. Акс аз бойгонӣ
Ҷаҳонгардони хориҷӣ дар Помир. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Тибқи иттилоъе, ки нашрияи бритониёии Telegraph гирдиҳам овардааст, дар 30 кишвари ҷаҳон мизони баланди хатароти ҳамалоти террористӣ боқӣ мемонад. Испания, Фаронса, Ливия, Покистон ва Сомалӣ дар сархати ин феҳраст қарор доранд.

ДУШАНБЕ, 3 июл — Sputnik. Нашрияи бритониёии Telegraph харитаи кишварҳои ҷаҳонро таҳия кардааст, ки дар онҳо метавонанд ҳамалоти террористӣ рух диҳанд, менависад CA-News.

Харитаи бар пояи иттилоъоти вазорати хориҷаи Бритониё таҳишуда мизони хатаротро дар чаҳор меъёр раъдабандӣ кардааст: пойин, камтар аз миёна, мутавассит ва баланд.

Тибқи иттилоъи ҷамъоваришуда дар бештар аз 30 кишвари ҷаҳон мизони баланди хатарот боқӣ мондааст. Испания, Фаронса, Ливия, Покистон ва Сомалӣ дар садри ин феҳраст мебошанд.

Тунис, ки рӯзи ҷумъаи гузашта дар он ҷо дастикам 30 атбоъи бритониёӣ кушта шуданд, дар миёни кишварҳое арзёбӣ шудааст, ки бо мизони баланди чунин хатарот мувоҷеҳ мебошад. Ба эътиқоди ин нашрия, Русия низ ба чунин кишварҳо шомил аст.

Дар миёни кишварҳое, ки хатароти террористӣ дар он ҷо дар мизони пойин қарор дорад, Исландия, Боливия, Эквадор, Лаҳистон, Ҷумҳурии Чех, Швейтсария, Маҷористон, Ветнам ва Ҷопон мебошанд.

Дар кишварҳои Осиёи Марказӣ ба эътиқоди таҳиякунандагони харита, мизони хатарот мухталиф аст. Ба унвони мисол, дар Туркманистон вуқӯъи ҳамлаи террористиро камтар аз ҳама метавон интизор шуд, Қирғизистон ва Ӯзбекистон дар пайи Туркманистон қарор доранд — дар ин кишварҳо мизони хатарот пойинтар аз сатҳи мутавассит аст.

Тибқи арзёбии Telegraph аз миёни кишварҳои ОМ Қазоқистон ва Тоҷикистон бештар ба ҳамалоти террористӣ осебпазир ҳастанд — сатҳи мутавассит.

Лентаи хабарҳо
0