Ассанҷ аз раиси ҷумҳури Фаронса дархости паноҳандагии сиёсӣ кард

© Sputnik / Елена Пахомова / Гузариш ба медиабонкДодгоҳи Бритониё тасмими истирдоди Ассанҷ ба Шветсияро таъйид кард
Додгоҳи Бритониё тасмими истирдоди Ассанҷ ба Шветсияро таъйид кард - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ифшокунандаи саршиноси иттилоъоти махфӣ аз мақомоти Фаронса дархост кардааст, ки барояш паноҳандагии сиёсӣ бидиҳанд ва фарҳангиёни кишвар бо ирсоли номаи саркушод унвонии Франсуа Олланд аз ин иқдом пуштиноӣ карданд.

ДУШАНБЕ, 3 июл — Sputnik. Бунёдгузори пойгоҳи WikiLeaks Ҷулиан Ассанҷ дар сафаҳоти рӯзномаи Monde ба раиси ҷумҳури Фаронса Франсуа Олланд муроҷиат карда хостори дарёфти мақоми паноҳандагии сиёсӣ шуд, хабар медиҳад РИА Новости.

Қаблан аз эҳтимоли ироъаи паноҳандагии сиёсӣ ба Ассанҷ ва корманди собиқи ниҳодҳои амниятии амрикоӣ Эдвард Сноуден вазири адлияи Фаронса Кристиан Тобира хабар дода буд, аммо нахуствазир Мануэл Валс изҳор дошт, ки феълан ин мавзӯъ матраҳ нест.

Ҳамчунин, фарҳангиёни Фаронса бо ирсоли номаи саркушод унвонии раҳбари кишвар хостори ироъаи паноҳандагии сиёсӣ ба Ассанҷ ва Эдвард Сноуден шуданд.

"Дар тӯли чанд соли ахир Ассанҷ ва Сноуден барои ҷасорати худ водор ба тарки кишварашон шудаанд. Ҳарчанд ҳама аз ҷасорати муборизаи онҳо истиқбол мекунанд, вале вазъе, ки он дар он қарор доранд боиси нигаронӣ боқӣ мондааст… Онҳо чанд даъфа баъд аз он, ки ба Фаронса дар ифшои таҷрубаҳои хашини ИМА алайҳи кишвар мусоидат карданд, муроҷиат кардаанд", — иқтибос овардааст РИА Новости аз номае, ки дар сомонаи Mediapart мунташир шудааст.

Муроҷиъа ба раиси ҷумҳури Фаронсаро аз ҷумла коргардонҳо Жак Одияр, Мате Кассовитс ва Коста-Гаврас, ҳунармандон Венсан Кассел, Ирэн Жакоб ва Людвин Сане, бастакор Жан-Мишел Жарр, нависанда Ромен Дюри, собиқ футболбоз Эрик Кантона имзо кардаанд.

Ассанҷ аз соли 2012 дар сафорати Эквадор дар Лондон панаҳ бурдааст — он замон вай аз мақомоти Эквадор хоҳиш карда буд, ки барояш паноҳандагии сиёсӣ бидиҳанд, зеро мақомоти Шветсия метавонанд ӯро ба ИМА истирдод кунанд.

Лентаи хабарҳо
0