18:31 19 майи 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.54
  • RUB0.15
Бозрасии асноди муҳоҷирон. Акс аз бойгонӣ

Ҳизби коммунисти Русия хостори роҳандозии визо бо кишварҳои ОМ шудааст

© Sputnik / Марина Маковецкая
Амният
Гирифтани линки кӯтоҳ
6 0 0

Ҷиноҳи коммунистон дар Думаи давлатии Русия пешниҳод кардааст барои атбоъи кишварҳои Осиёи Марказӣ муқаррароти виза роҳандозӣ шавад, то аз ин роҳ аз вуруди ыонибдорони “ДИ” ба қаламрави кишвар ҷилавгирӣ шавад.

ДУШАНБЕ, 6 июл — Sputnik. Вакилони ҷиноҳи Ҳизби коммунисти Русия дар Думаи давлатӣ пешниҳод карданд, ки муқаррароти бидуни визо бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ба далели хатароти эҳтимолии ҷангҷӯён ва ҳамалоти террористӣ, ки аз ин минтақа маншаъ мегиранд, лағв карда шавад, менависад РИА Новости бо истинод ба рӯзномаи "Известия".

Ҳамзамон пешниҳод шудааст, ки бозрасии муҳоҷирон аз кишварҳои ОМ ба далели эҳтимолият ба узвияти "Давлати исломӣ" ва гурӯҳҳои дигари террористӣ ташдид карда шавад.

Вакилон эҳтироми худ ба миллатҳои ин минтақа ва сарварони маҳзабӣ, ки пайваста ба пайравонашон таъкид мекунанд, ки фаъолияти "ДИ" муғойири Қуръон аст, изҳор кардаанд. Вале ба эътиқоди онҳо, террористон ҳамчунон аз имконоти зиёди ҷалби шаҳрвандон ба суфуфи худ бархурдор ҳастанд.

"Ҷангҷӯён террористонро дар қаламрави кишварҳои худ омӯзиш дода ва сипас онҳоро ба унвони муҳоҷири корӣ ба қаламрави Русия ворид месозанд", — иқтибос овардааст нашрия аз суханони муовини раҳбари Ҳизби коммунист Валерий Рашкин, ки якҷо бо бо дабири Ҳизби коммунисти Русия Сергей Обухов ба раҳбари ИФМ Константин Романдановский ва раҳбари Идораи федероли марзбонӣ Владимир Кулишов муроҷиъа кардааст.

Ба эътиқоди вукало, чунин иқдом ба ниҳодҳои вижа имкон медиҳад, ки тақаллубӣ набудани гузарномаҳои миллӣ ва эҳтимолияти узвияти соҳибони онро ба "ДИ" ҷиддитар бозрасӣ кунанд.

Феълан атбоъи Тоҷикистон, Қирғизистон ва Туркманистон аз ҳаққи вуруд ба Русия бидуни визоро доранд.

Ба иттилоъи ИФМ феълан дар қаламрави Русия беш аз 4,3 миллион нафар муҳоҷирон аз кишварҳои Осиёи Марказӣ ба сар мебаранд. Бештар аз ҳама — 2,1 миллион нафар аз Ӯзбекистон, беш аз 1 миллион нафар аз Тоҷикистон, беш аз 22 ҳазор нафар аз Туркманистон, 694 ҳазор нафар аз Қазоқистон ва каме бештар аз 519 ҳазор нафар аз Қирғизистон қарор доранд.

Қаблан расонаи бритониёии Telegraph навишта буд, ки Русия шомили кишварҳоест, ки дар он мизони баланди вуқӯъи ҳамалоти террористӣ вуҷуд дорад.

Ин кишвар ба навиштаи расонаҳои маҳаллӣ ҳамзамон оғози масирест, ки тавассути он атбоъи тоҷик, аз ҷумла, муҳоҷирон озими Сурия шуда ба гурӯҳҳои террористӣ мепайванданд.

Ба иттилоъи мақомоти тоҷик беш аз 300 шаҳрванди ҶТ, бархеҳо бо хонаводаҳои худ ба суфуфи "Давлати исломӣ" пайвастаанд. Бештаре аз ин афрод ҷавонони аз 18 то 25 сола мебошанд. Беш аз 100 нафари онҳо алаккай дар набардҳо ҷони худро аз даст додаанд.

Ин нахустин пешниҳоди коммунистҳои Русия барои роҳандозии муқаррароти визо бо кишварҳои Осиёи Марказӣ нест. Ҳанӯз дар соли 2013 дар шабакаҳои интернетӣ Ҳизби коммунисти Русия барои пуштибони аз тарҳи мушобеҳ ҷамъоварии имзоро шурӯъ карда буд. Он замон далели чунин амр афзоиши қочоқи маводди мухаддир ва миқдори ҷароиме шуда буд, ки аз сӯйи муҳоҷирон сурат мегиранд.

Мавзуъ

Дар Сурия яке аз раҳбарони “ДИ” кушта шуд
Аз ҷанги Сурия атбоъи ҷалбшудаи Тоҷикистон баргаштанд
КДАМ: дар Сурия ва Ироқ -344, дар Афғонистон-30 тоҷикистонӣ меҷанганд
СММ: 25 ҳазор хориҷиён алайҳи ҳукуматҳои Сурия ва Ироқ меҷанганд
Таблиғгарони ҷанги Сурия аз 9 то 12 сол зиндонӣ шуданд
Ҳалокати ҳунарпешаи рус дар ҷангҳои Сурия
Муҳоҷирони тоҷик Русияро тарк карда ба Сурия “меафтанд”
ШМ Русия: касе дар масоҷид тоҷиконро ба ҷанги Сурия ҷалб накардааст
Барчаспҳо:
пешниҳод барои лағви муқаррароти бидуни визо бо кишварҳои ОМ, Думои давлатӣ, Ҳизби коммунисти Русия, Владимир Кулишов, Константин Романдановский, Сергей Обухов, Валерий Рашкин, Сурия, Русия

Мавзӯъҳои асосӣ