05:04 06 декабри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.68
  • EUR10.74
  • RUB0.15
Шералӣ Хайруллоев. Акс аз бойгонӣ

Таҳқиқи муноқиша дар марз аз сӯи Душанбеву Бишкек

© Sputnik Амир Исаев
Амният
Гирифтани линки кӯтоҳ
7 0 0

Ҳайати намояндагони ниҳодҳои марзбонии Тоҷикистон ва Қирғизистон субҳи имрӯз ба мавзеи муноқишаи ду рӯз қабли сарҳадбонони ду кишвар рафтанд, то ҳодисаро таҳқиқ кунанд.

ДУШАНБЕ, 8 июл — Sputnik. Субҳи рӯзи чаҳоршанбеи 8-уми июл гурӯҳи намояндагони ниҳодҳои марзбонии Тоҷикистон ва Қирғизистон ба мавзеи муноқишаи рӯзи 6-уми июл дар деҳоти марзии Исфара ва Бодканд рафтанд, менависад "Радиои Озодӣ".

Ин гурӯҳ тасмим дорад, ки то қабл аз оғози музокироти ҳайатҳои ду кишвар, бо ҷои ҳодиса шинос шуда ва бо марзбонони ду ҷониб ва ҳамчунин сокинони деҳоти марзӣ дар робита ба ҳодисаи рухдода, ҳамсӯҳбат шавад.

Қарор аст, 8-июл дар шаҳри Исфара мулоқоти ҳайатҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон дар робита ба муноқишаи ахири марзӣ, ки бар асари он як сокини Исфара ба ҳалокат расид ва як марзбони тоҷик захмӣ шуд, оғоз шавад.

Аз ҳукумати ноҳияи Исфара ба "Озодӣ" хабар додаанд, ки ҳайати Тоҷикистонро дар ин мулоқот Шералӣ Хайруллоев, мушовири раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар умури амният ва дифоъ раҳбарӣ мекунад. Ба гуфтаи манобеи Қирғизистон, ҷониби Бишкекро дар ин музокирот, Раимбердӣ Дуйшенбиев, раиси хадамоти марзбонии он кишвар раҳбарӣ менамояд. Дар ҳайати ду ҷониб аслан намояндагони ниҳодҳои марзбонии ду кишвар ширкат шомил мебошанд ва тарафҳо тасмим гирифтаанд, ки бо таъсиси гурӯҳҳои кории муштарак ҳодисаро таҳқиқ кунанд.

Ин муноқиша баъд аз зӯҳри 6 июл дар марзи миёни Исфара ва Бодканд рух дода, дар пайи он аз тири марзбонҳои қирғиз як сокини 18-солаи Исфара ҳалок ва як марзбони тоҷик захмӣ шуданд.

Вале мақомоти марзбонии Қирғизистон рӯзи душанбе бо пахши як изҳорот гуфтанд, даргирӣ баъд аз он сар задааст, ки гӯё шаш шаҳрванди Тоҷикистон аз хатти марзи Қирғизистон убур карда ва ба мошинаҳое, ки ба шаҳрвандони он кишвар тааллуқ доштаанд, сангпартоӣ кардаанд.

То имрӯз аз 970 километр марзи Қирғизистон бо Тоҷикистон 519 километри он таъйину аломатгузорӣ нашудааст ва борҳо шудааст, ки мардуми рустоҳои марзӣ дар қаламравҳои баҳсбарангез барои обу чарогоҳу замин ҷанҷолу занозанӣ кардаанд. Ҳукуматҳои Тоҷикистону Қирғизистон солҳост, ки бинобар ихтилофи назар наметавонанд, бар сари хатти сарҳад ба мувофиқа бирасанд.

Барчаспҳо:
сокин, ҳалокат, таҳқиқ, тирпаронӣ, марз, муноқиша, Раимбердӣ Дуйшенбиев, Шералӣ Хайруллоев, Чоркуҳ, Ботканд, Исфара

Мавзӯъҳои асосӣ