13:07 22 ноябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.75
  • RUB0.15
Вазири нерӯҳои ҳавоии ИМА Дебора Ли Ҷеймс. Акс аз бойгонӣ

Фармондеҳи нерӯи ҳавоии ИМА: “Русия бузургтарин хатар аст”

© AP / Czarek Sokolowski
Амният
Гирифтани линки кӯтоҳ
9 0 0

Бо дарназардошти вазъи муташанниҷ Нерӯҳои ҳавоии ИМА талош доранд бастагии худ аз воридоти муҳаррикҳои мушакии РД-180 аз Русияро коҳиш бидиҳад.

ДУШАНБЕ, 9 июл — Sputnik. Русия хатари бузургтаринест барои амнияти милии ИМА ва ин кишвар бояд ҳузури худ дар Аврупоро тақвият бидиҳад, ҳатто агар шарикони Вашингтон дар НАТО мушкилоти иқтисодиро паси сар мекунанд, изҳор дошт вазири нерӯҳои ҳавоии ИМА Дебора Ли Ҷеймс дар мусоҳиба бо хабаргузории Рейтер, менависад РИА Новости.

"Эътироф мекунам, ки Русия бузургтарин хатар аст", — гуфт Ҷеймс.

Ҷеймс зикр кард, ки бо ташдиди ҳузури худ Аврупо Вашингтон ба аъмоли ахири "нигаронкунанда"-и Русия посух медиҳад.

Ҷеймс аз он изҳори нигаронӣ кард, ки то ҳол танҳо чаҳор кишвар аз 28 кишвари узви НАТО муқаррароти ин ниҳод барои риояи махориҷи низомӣ дар ҳаҷми 2% аз тавлидоти нохолиси миллиро риоя кардаанд. Вай таъкид кард, ки "ин танҳо ҳамин аст, ки аъзои НАТО ба иҷрои он розӣ шуданд".

Вазир зикр кард, ки бо дарназардошти вазъи муташанниҷ нерӯҳои ҳавоии ИМА умереро барои коҳиши бастагӣ аз воридоти муҳаррикҳои мушакии РД-180, ки аз Русия ворид мешаванду дар мушакҳои низомӣ ва иктишофӣ аз онҳо истифода мешаванд, идома медиҳанд.

Мавзуъ

Патрушев: тавсеъаи НАТО - ин таҳдид ба Русия ва шариконаш мебошад
Тахайюлоти Русия дар бораи НАТО чандон тахайюл набудааст?
Путин: артиши Киев ин легиони НАТО аст
Расонаҳо: даъвати ҷаласаи изтирории кумиссиюни НАТО аз сӯйи Украина
Сардори Сарситоди Украина аз НАТО ёрӣ мехоҳад
Барчаспҳо:
таҳримот алайҳи Русия, муҳаррики РД-180, изҳори назар, НАТО, нерӯҳои ҳавоии ИМА, Дебора Ли Ҷеймс, Русия, ИМА

Мавзӯъҳои асосӣ