23:30 18 октябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.80
  • RUB0.15
Бинои Бундестаг дар Берлин. Акс аз бйогонӣ

Дар Бундестаг ба далели қазияи ҷосусӣ даъвати комиссияро мекунанд

© Sputnik / Савельев Виталий
Амният
Гирифтани линки кӯтоҳ
11 0 0

Ниҳодҳои иктишофии амрикоӣ баъд аз ифшои сомонаи WikiLeaks дар мавриди гӯш кардани муколамаҳои мақомоти баландпояи Олмон, аз ҷумла сӯҳбатҳои се садри аъзами ахири ин кишвар боз дар меҳвари қазияи ҷосусӣ қарор гирифтанд.

ДУШАНБЕ, 10 июл — Sputnik. Мухолифони парлумонӣ даъвати ҷаласаи изтирории комиссияи бундестаг барои баррасии қазияи ҷосусии марбут ба гӯш додани муколамаҳои се садри аъзами Олмонро тақозо дорад, изҳор дошт узви комиссия, вакил аз ҷиноҳи ЧАПГАРОН Мартина Реннер.

"Садри аъзам Ангела Меркел бояд хомӯшӣ ва нодида гирифтани аҳамияти қазияи ҷосусӣ бо ширкати ОАМ (Ожонсии амнияти миллӣ) қатъ кунад. Мо даъвати ҷаласаи изтирории комиссияи таҳқиқотиро тақозо дорем, ки дар он вазири корҳои дохилӣ Томас де Мезер ва раҳбари идораи садри аъзам Петер Алтмайзер бояд барои мо тавзеъ диҳанд, ки ҳамакнун ҳукумати федеролӣ барои хотимаи ҷосусӣ "миёни дӯстон" чӣ нуқта мегузораду чи замоне ба комиссия дастрасии хусусӣ ба феҳрастҳои баҳсталаб дода мешавад", — изҳор дошт Реннер.

Суханони вай дар муроҷиъати вижаи маркази матбӯъотии ҷиноҳи ЧАПГАРОН дар бундестаг мунташир шуда матни он дар ихтиёри РИА Новости қарор дорад.

Қаблан ошкор шуда буд, ки сомонаи WikiLeaks иттилоъи ҷадид дар бораи ҷосусии доманадор амрикоиҳо дар Олмон мунташир кардааст. Аз ҷумла дар бораи он ки ОАМ сӯҳбатҳои телефонии се садри аъзами ахири Олмон — Ангела Меркел, Герхард Шредер ва Гелмут Колро гӯш медодааст, ошкор шуд. Дар моҳи июн расонаҳои Фаронса ва Олмон бо истинод ба ин сомона иттилоъ дар бораи ҷосусии ОАМ дар мавриди мақомоти сиёсӣ ва тоҷирон, аз ҷумла се раиси ҷумҳури ахири Фаронса ва садри аъзами Олмон Меркел иттилоъ нашр карданд.

Комиссия таҳқиқи қазияи ҷосусӣ дар бундестаги Олмон, ки соли 2014 таъсис шуда буд, то ҳол феҳрасти комили таъсисот, ки аз пайи онҳо бо дархости ОАМ ИМА умури ҷосусӣ анҷом дода мешуд, ба даст нагирифтаанд. Идораи садри аъзам қаблан изҳор дошта буд, ки ироъаи чунин иттилоъ ба вакилон бидуни иҷозаи ҷониби амрикоӣ ба равобити "дӯстонаи" миёни Берлин ва Вашингтон латма ворид мекунад. Дар моҳи июн ҳукумати Олмон дар бораи таъйини миёнарави байни ҳукумат ва порлумон тасмим гирифт. Миёнарав, ба эътиқоди ҳукумат, метавонад бо иттилоъи махфӣ ошно шуда сипас мӯҳтавои онро ба вакилон ироъа кунад. Чунин тасмим боъиси интиқодот дар миёни аҳзоби мухолифи Олмон шуд.

"Ин нукта, ки феҳрастҳо то ҳол ироъа нашудаанд ба ин маънист, ки ҳукумати федерол аз назорати порлумонӣ тавассути комиссия бештар аз ҷосусии ОАМ ҳарос дорад", — изҳор дошт Реннер.

Ба гуфтаи вай, "ҷосусӣ алайҳи ҳукумати федеролӣ нӯги пиряхти зериобӣ аст". "Иттилоъе, ки тавассути Wikileaks дар бораи ҷосусии дарозмуддат аз пайи дафтари садри аъзам ошкор шуд, наметавон онро бо ҳарфҳое назири "мо за ин мушкил бо ҷиддият нигаронем" посух дод. Ҳоло сухан дар бораи назорати низоми мухобиротии куллияи аҳолӣ меравад, ин амр ғайримумкин аст", — изофа кард вакил.

Маркази матбуотии ҳукумати Олмон қаблан изҳор дошта буд, ки дар робита ба иттилоъи ҷадид дар сомонаи WikiLeaks баёнияи вижа таҳия мекунад ва феълан аз шарҳи ин мавзӯъ худдорӣ мекунад.

Мавзуъ

Сноуден - барандаи ҷойизаи «Тарзи дурусти зиндагӣ»
Барчаспҳо:
иктишофӣ, дархости дастрасии вакилон ба феҳрасти таъсисоти мавриди ҷосусӣ қарор дошта, бундестаг, Мартина Реннер, Ангела Меркел, Олмон

Мавзӯъҳои асосӣ