Тахриби бинои хобгоҳи низомӣ дар Омск бузургтарин қазия дар артиш аст

© Sputnik / Алексей Мальгавко / Гузариш ба медиабонкТахриби бинои маркази омӯзишии низомӣ дар вилояти Омск
Тахриби бинои маркази омӯзишии низомӣ дар вилояти Омск - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Қазияи чаҳоруми изтирорӣ дар артиши рус аз авоили тобистон бузургтарин ҳодиса буда авомили онро комиссияи вижаи таъсисшуда таҳқиқ мекунад ва аз умури наҷот раиси ҷумҳури Русия Владимир Путинро пайваста огаҳ месозанд.

ДУШАНБЕ, 13 июл — Sputnik. Зери харобаҳои хобгоҳи низомии Нерӯҳои ҳавоиву чатрбозони Русия дар Омск 23 нафар ҷони худро аз даст дода боз 19 нафари дигар ҷароҳатҳо бардоштаанд ва ҳоло ба бемористон мунтақил шудаанд.

Намояндаи расмии вазорати дифоъи Русия Игор Конашенков рӯзи душанбе ба хабарнигорон гуфт, ки алаккай аз зери харобаҳо 41 нафар низомӣ берун кашида шудаанд ва "осебдидаҳои сангин" тавассути ҳавопаймоҳо ба Москав мунтақил шудаанд.

Вазорати дифоъ даъват кардааст, ки дар бораи авомили ин фоҷеъа ҳадс назананд ва поёни фаъолияти комиссияи вижаро интизор шаванд. Тибқи иттилоъи муқаддамотӣ далели ин тахрибшавӣ метавонад нақзи муқаррароти наҳваи сохтмон бошад, аммо дар "Спетстрой" муътақид сохтанд, ки зимни анҷом ва мавриди истифода қарор додани ин бино ҳеҷ як мушкиле дар сохтмони табақаҳои бино ошкор нашудааст.

Аз авоили моҳи июн ин алаккай шашумин тасодуми бузург дар нерӯҳои мусаллаҳи Русия аст: то ин замон пайваста садама ва ё парвоз накардани ҳавопаймоҳои ҷангии Русия мушоҳида шудаанд. Аз ҷумла, қазия бо ҳавопаймои Су-24М дар кишвари Хабаровск (6 июл), Миг-29 дар Куӣан (3 июл), Ту-95 дар кишвари назди Амур (8 июн), Су-34 дар наздикии Воронеж ва Миг-29 дар вилояти Астрахан (ҳар ду 4 июн). Натиҷаи ғамангез — ду нафар кушта ва чанд тани захмӣ.

Сутунҳои миёнтабақӣ шабона тахриб шуданд

Фоҷеъа дар Омск шаби 12 июл рух дод: дар хобгоҳи низомии чаҳортабақа дар шаҳраки Светлий фаршҳои миёнтабақа замоне тахриб шуданд, ки дар он ҷо 337 нафар низомӣ мехобиданд. Манбаъи РИА Новости дар ниҳодҳои изтирории шаҳр гуфт, ки "миёнфаршҳо аз табақаи чаҳорум то якум тахриб шудаанд… дар паҳнои ду тиреза".

"То соати 10.00 субҳ 42 нафар низомие, ки зери харобаҳо қарор доштанд, ошкор шудаанд. Аз онҳо 23 нафар фавтидаанд", — хулоса кард Конашенков.

Ба гуфтаи вай 19 нафар низомӣ ба муъассисоти пизишкӣ мунтақил шудаанд ва се нафари дигар дар бунгоҳи пизишкии маркази омӯзишӣ ҷой дода шудаанд, зеро онҳо худ бо ҷароҳатҳои сабук ба он ҷо муроҷиъа кардаанд.

Назорати раиси ҷумҳур

Бо дастури вазири дифоъи Русия генерали артиш Сергей Шойгу комиссияи вижа барои таҳқиқи авомили тахрибшавии хобгоҳи низомӣ таъсис шудааст. Ҳамчунин ба Омск комиссияи вазорати дифоъи Русия ба раҳбарии иҷрокунандаи фармондеҳии нерӯҳои ҳавоиву чатрбозӣ генерал Николай Игнатов эъзом шудааст.

Сергей Шойгу таътили худро ба таъвиқ дароварда ба Маркази миллии раҳбарӣ омада ҳар ним соат раиси ҷумҳурро дар бораи вазъият дар Омск огаҳ месозад. Вазир алаккай дастур дод, ки куллияи биноҳои бозсозишуда дар шаҳраки низомии Омск, ки дар он ҷо хобгоҳ тахриб шудааст, бозрасӣ карда шаванд.

Сухангӯйи раҳбари Русия Дмитрий Песков таъйид кард, ки фармондеҳи олӣ пайваста аз вазири дифоъи кишвар гузоришҳо дар бораи умури наҷотро дарёфт мекунад.

Ба гуфтаи вай Владимир Путин ба пайвандон ва наздикони кушташудагон изҳори тасаллият карда дастур додааст, ки ба куллияи осебдидагон кӯмаки зарурии пизишкӣ ироъа шавад.

Ниҳодҳои наҷот

Барои рафъи авоқиби ин ҳодисаи изтирорӣ гурӯҳи бузурге ҷалб шудааст — беш аз 900 нафар кормандони ниҳодҳои наҷот ва изтирорӣ ва 150 адад таҷҳизоти фаннӣ, хабар медиҳад вазорати умури изтирории Русия.

Барои ироъаи кӯмак ба осебдидагон ба маҳалли ҳодиса "гурӯҳи вокуниши сареъи пизишкӣ" эъзом шудааст — гурӯҳи таъйиноти махсуси Минтақаи марказии низомӣ бо панҷ гурӯҳи иборат аз пизишкон ва хоҳарони шафқат.

Нахустин ҳавопаймои борбари низомӣ бо 10 нафар низомиёни осебдида аз Омск ба самти Москав парвоз кард ва ҳоло ҳавопаймои дуввумӣ бо ҳафт нафар захмиҳо омодаи парвоз аст. Дар пойтах, дар бемористонҳои низомии Вишневский ва Бурденко утоқҳо барои пазироии осебдидагон омода шудаанд. Бемористони низомии Петербург низ барои қабули захмиён омода мебошад.

Лентаи хабарҳо
0