20:52 19 июни 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.58
  • RUB0.15
Бишкек. Акс аз бойгонӣ

Бишкек ИМА-ро дар талоши тахриби сулҳ дар Қирғизистон муттаҳам кард

© Sputnik / Андрей Бабушкин
Амният
Гирифтани линки кӯтоҳ
6 0 0

Дар вазорати умури хориҷии Қирғизистон ихтисоси ҷоизаи “Ҳомии ҳуқуқи инсон” ба Азимҷон Аскаровро иқдоми амдӣ ба манзури ҷилавгирӣ аз тақвияти субботи байниқавмӣ ва сулҳ дар кишвар арзёбӣ карданд.

ДУШАНБЕ, 15 июл — Sputnik. Ихтисоси ҷоизаи вазорати хориҷии ИМА "Ҳомии ҳуқуқи инсон" ба Азимҷон Аскаров, ки дар Қирғизистон ба иртикоби ташкили ноамниҳои оммавӣ ва мушорикат дар қатли маъмури милитсия муҷозот шудааст, Бишкек иқдоме барои оташ задани мухолифатҳои қавмӣ арзёбӣ мекунад, изҳор доштааст рӯзи чаҳоршанбе ВКХ ҷумҳурӣ.

Ахиран дар расонаҳо иттилоъе пахш шуд, ки ИМА ба Аскаров ҷоизаи "Ҳомии ҳуқуқи инсон"-ро ихтисос додааст, ки ба ашхос ва ё созмонҳое тақдим мешавад, ки дар давоми солҳои тӯлонӣ дар шароити иқдомоти мухолифати ҳукуматӣ барои дифоъ аз ҳуқуқи инсон талош карда қобилиятҳои раҳбарии худ ва ҷасорат нишон додаанд.

"Ихтисоси ин ҷоизаи боифтихор ба Аскаровро Ҷумҳурии Қирғизистон иқдоме арзёбӣ мекунад, ки мухолифат ба тақвияти сулҳи субот байниқавмӣ дар кишвари моро ҳадаф дорад. Ҷониби Қирғизистон ин тасмимро талоши барои тахриби раванди тақвияти ваҳдати миллӣ ва суббот дар кишвар арзёбӣ мекунад", — омадааст дар баёноти расмии ВКХ ҷумҳурӣ.

ВКХ бар ин назар аст, ки ин амр "метавонад ба даргириҳо мунҷар шуда сулҳи ноустуворро, ки бо талошу заҳмати бузурги халқи кишвар то ҳол бунёд мешавад, тахриб созад".

Дар ниҳоди умури хориҷӣ изҳори шубҳа карданд, ки Аскаров, ки дар ватан аз ӯ ба унвони "мушорикаткунандаи қатл дониста шуда баёнгари варшикастагии ваҳдати халқи Қирғизистон аст" ба меъёрҳои ин ҷоиза созгор бошад.

"Бидуни мусоидати Ҷумҳурии Қирғизистон иқдоми Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бо истифода аз мавзӯъи байниқавмӣ ба равобити дуҷониба латмаи ҷиддӣ ворид месозад", — зикр шудааст дар санад.

Соли 2011 Додгоҳи олии Қирғизистон ӯзбактабор Аскаровро ба иттиҳоми барангехтани даргириҳои байниқавмӣ ва қатли маъмури милитсия дар ҷараёни даргириҳои байниқавмии миёни ӯзбектаборон ва қирғизҳо дар ҷануби ҷумҳурӣ дар соли 2010 ҳукми абад кард.

Иттиҳоди Аврупо ва ИМА аз ҳукми додгоҳи Қирғизистон изҳори нигаронӣ карда таъкид доштанд, ки "чанд баёнот ва шоҳидот барои пуштибонӣ аз муттаҳам сарфи назар карда шуданд". Онҳо зикр карда буданд, ки мақомоти кишвар "тавзеъи муносиб" ба иттиҳомоти шиканҷа ва бадрафторӣ алайҳи Аскаров дар ҷараёни таҳқиқот ироъа нкарданд. Дар Ғарб бар ин назаранд, ки фаъоли ҳуқуқи башар Аскаров издиҳоми ба шӯр омадаро барои муҷозоти маъмури милитсия таҳрик накарда барои аъмоли ғайриқонунии маъмурони интизомӣ маводд ҷамъоварӣ мекард.

Мавзуъ

Назарпурсӣ: чаро пулиси ИМА умдатан ба сиёҳпӯстон тирпарронӣ мекунад
Барои чӣ дар ИМА пулисҳо бештар ба сиёҳпӯстон тир холӣ мекунанд?
Акаев: маро вазорати хориҷаи ИМА барканор кард
Дик Чейни: Обама ин фоҷиъаи ИМА аст
Барчаспҳо:
интиқод аз ихтисоси ҷоиза ба Аскаров, ВКХ ИМА, Азимҷон Аскаров, ИМА, Қирғизистон

Мавзӯъҳои асосӣ