13:47 23 августи 2019
Пахши мустақим
  • USD9.68
  • EUR10.73
  • RUB0.15
Ҷонибдорони Самти рост. Акс аз бойгонӣ

Вечеи “Самти рост” дар Киев бидуни ҳаводиси изтирорӣ анҷом шуд

© Sputnik / Стрингер
Амният
Гирифтани линки кӯтоҳ
7 0 0

Ба ном вече, ки ба иртикоби ҷунбиши “Самти рост” дар маркази пойтахти Украина баргузор шуд, бидуни ҳаводиси изтирорие анҷом ёфт, се ҳазор нафар ширкаткунандагон шиорҳои зиддирусӣ, интиқоди ҳукумати маҳаллӣ ва даъват барои сарнагунии онро гӯш доданд.

ДУШАНБЕ, 22 июл — Sputnik. Вече дар Майдони Киев, ки ба ибтикори миллатгароёни "Самти рост" ташкил шуда буд, баъд аз ду соати оғоз бо ҳузури се ҳазор нафар анҷом ёфт.

Ин ҳамоиш бидуни ҳодисаи фавқуллода анҷом шуд. Дар ҷараёни ҳамоиш шиорҳои зиддирусӣ, интиқодоти мақомоти феълӣ дар Украина ва даъватҳои сарнагунии он садо доданд.

Қаблан раҳбари "Самти рост" Дмитрий Ярош изҳор дошта буд, ки вече бояд ба украиниҳо "самти дурусте барои идомаи ислоҳоти инқилобӣ дар давлатро нишон бидиҳад". Ба гуфтаи Ярош, ин амр умдатан ба расмӣ сохтани фаъолияти ихтиёрон рабт дорад.

Дар моҳи ноябри соли 2014 Додгоҳи олии ФР фаъолияти ин созмони иртиҷоӣ дар қаламрави Русияро тундгаро дониста мамнӯъ эълом кард. Дар моҳи январ "Самти рост" ба феҳрасти созмонҳои фаъолияташон дар Русия мамнӯъ ворид карда шуд. Қаблан дар Русия алайҳи раҳбари ин созмон Дмитрий Ярош ба далели даъват ба амалҳои террористӣ парвандаи ҷиноӣ боз шуда буд.

Мавзуъ

САҲА: аз оғози Майдон дар Украина ҳафт журналист ҳалок шудааст
Барчаспҳо:
ҷанг дар Украина, бидуни вазъияти изтирорӣ, баргузории вече дар Киев, "Самти рост", Дмитрий Ярош, Русия, Киев, Украина

Мавзӯъҳои асосӣ