22 июл даҳҳо нафар қурбонии садамаҳо бо автобусҳо шуданд

© Sputnik  / Гузариш ба медиабонкДар маҳалли садамаи нақлиётӣ дар кишвари Красноярск
Дар маҳалли садамаи нақлиётӣ дар кишвари Красноярск - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар наздикии Красноярск автобус бо мошини боркаш бархурд, дар Чеченистон бошад “Газел” аз кӯҳ сарозер шуд. Дар Башқортистон бидуни қурбонӣ буд, аммо 27 нафар дар пайи сарозер шудани автобуси ҷаҳонгардон аз Магнитогорск, ки аз Баҳри сиёҳ бармегаштанд, осеб диданд.

ДУШАНБЕ, 22 июл — Sputnik. Дар як шабонарӯзи ахир чанд садамаҳои нақлиётӣ рух доданд, ки боъиси марги беш аз 20 нафар ва ҷароҳат бардоштани ҳудуди 70 нафар шуданд. Дар кишвари Красноярск ва Доғистон рӯзи панҷшанбе Рӯзи мотами кушташудагон эълом шудааст.

Садамаи фоҷиъабор баъд аз ҷаноза дар Доғистон

Автобуси кӯчаки "Газел"-и ҳомили 17 нафар шоми гузашта дар минтақаи кӯҳистонии Ведени Чеченистон сарозер шуд. Ба иттилоъи муқаддамотии ниҳодҳои интизомии ин ҷумҳурӣ ронанда аз ӯҳдаи кори худ набаромада автобуси кӯчак ба дарае сарозер шудааст.

Феълан дар бораи 10 нафар кушташуда, ки ҳамаи онҳо занон буданд, хабар дода мешавад. Боз чанд нафари дигар бо ҷароҳатҳо дар бемористон бистарӣ шудаанд, ки дар миёни онҳо кӯдакон низ ҳастанд, хабар дод ба РИА Новости манбаъ дар ниҳодҳои изтирорӣ.

Пайвандони осебдидагон хабар доданд, ки мусофирони "Газел" аз шаҳри Хасавюрти Доғистон баъд аз адои маросими ҷаноза озими ноҳияи баландкӯҳи Ботлихи Доғистон буданд.

Мотам дар кишвари Красноярск

Дар кишвари Красноярск субҳи рӯзи чаҳоршанбе автобус бо мошини боркаш дар километри 701 шоҳроҳи "Байкал" бархӯрд кард. 11 нафар бо шумули ду ронанда кушта шуда 40 нафари дигар бо шумули 5 кӯдак ҷароҳатҳо бардоштанд.

Дар маҳалли садамаи нақлиётӣ дар кишвари Красноярск - Sputnik Тоҷикистон
Садама дар Красноярск: 23 июл Рӯзи мотам эълом шуд

Сабабҳои ин садама таҳқиқ мешаванд ва бозрасон шоҳидони ин фоҷеъаро ҷустуҷӯ мекунанд. Рӯзи панҷшанбе, 23 июл дар кишвари Красноярск Рӯзи мотам эълом шудааст.

Бошқирдистон: ҷаҳонгардон аз Анапа ба Магнитогорск бармегаштанд

Автобусе, ки аз Анапа ба шаҳри Магнитогорск ҳаракат мекард дар қаламрави Бошқирдистон тасодум кард. Дар пайи сарозер шудани автобус аз 42 нафар мусофиронаш 27 нафар ба пизишкон муроҷиъа карданд ва нӯҳ нафари онҳо дар бемористон бистарӣ шуданд.

Барои пайвандони кушташудагон ва осебдидагон дар Чеченистон ва кишвари Красноярск иртибототи мустақим боз шуда таҳқиқи ин фоҷиъаҳо идома доранд.

Лентаи хабарҳо
0