САҲА милитсияро бо навҳаи дурусти муъомила бо ҳамоишгарон ошно мекунад

© Sputnik / Наталья СеливерстоваДар ҳамоиш. Акс аз бойгонӣ
Дар ҳамоиш. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Коршиносони хориҷӣ маъмурони милитсияи Тоҷикистонро бо таҷрибаи худ бо раҳнамоӣ дар маҳаллоти таҷаммӯъи ҳамоишгарон, эътирозгарон ва мухлисон ошно месозанд.

ДУШАНБЕ, 22 июл — Sputnik. Коршиносони хориҷӣ бо мусоъидати дафтари САҲА рӯзи сешанбе давраи омӯзишии маъмурони милитсияи Тоҷикистонро барои таъмини сареъи амният ба ҳангоми баргузории ҳамоишҳои оммавӣ шурӯъ карданд, хабар медиҳад сомонаи ВКД.

Дар рӯзи нахустини ин давраҳои омӯзишӣ ширкаткунандагон масоили мудирияти таҷаммӯъи мардум, ҳамоишҳо ва эътирозот ва ҳамчунин ҷамъоварии далоилро баррасӣ карданд, омадааст дар хабар.

Бинои ВКД ҶТ. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
ВКД ҳодисаи назди сафорати Олмон дар Душанберо шарҳ дод

Сипас бояд навҳаҳои мудирияти муфид ва иҷрои амалиёти пулис ба ҳангоми ҳамоишҳои оммавӣ, иқдомоти маъмулии пулис ба ҳангоми баргузории мусобиқоти варзишӣ, асосҳои ҳуқуқии пулис ба ҳангоми баргузории ҳамоишҳои оммавӣ ва масоили дигари мавзӯъоти аслӣ омӯзиш дода шаванд.

Дар ин давраи омӯзишӣ Ҳамоҳангсози миллии таҷдиди милитсия сарҳанг Алӣ Бобоназарзода, маъмурони ниҳодҳои вижа, нерӯҳои дохилӣ ва таъмини амнияти ҷамъиятии ВКД ширкат мекунанд.

Раиси пулиси таъмини амнияти ҷамъиятии Олмон Феликс Пашек ва нозири пулиси миллии Шветсия Мартин Свенссон дар бораи таҷрибаи худ дар ин замина гузориш хоҳанд кард.

Лентаи хабарҳо
0