Расонаҳо: Пентагон омодаи ҷой додани таҷҳизоти вижа дар Украина аст

CC BY-SA 2.0 / David B. Gleason / The PentagonПентагон. Акс аз бойгонӣ
Пентагон. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Вазорати дифоъи ИМА умедвор аст, ки истгоҳи ҷадиди зиддимушакӣ имкон медиҳад, ки нерӯҳои мусаллаҳи Украина аз тӯпандозиҳои ҷудоихоҳон сареъона ҷилавгирӣ бикунанд, аммо тасмими ниҳоӣ дар ин заминаро раёсати ҷумҳурӣ хоҳад гирифт.

ДУШАНБЕ, 23 июл — Sputnik. Вазорати дифоъи ИМА омода аст ба Киев истгоҳи назоратии тӯлонии зиддимушакӣ бидиҳад ва ин амр аз тасмими Кохи сафед бастагӣ дорад, хабар медиҳад РИА Новости бо истинод ба рӯзномаи Wall Street Journal.

"Ин пешниҳодро бояд Кохи сафед таъйид бикунад, ки феълан ироъаи кӯмакҳои ғайримаргвор ба Украинаро баррасӣ мекунад. Аммо баррасӣ ин мавзӯъ дар ҳоле сурат мегирад, ки ҳамзамон фишорҳо ба Вашингтон барои фароҳам кардани кӯмакҳои бештар барои муқобала бо таҳоҷуми Русия юа дунбол дорад", — омадааст дар матлаби ин нашрия.

Ба навиштаи ин рӯзнома, "истгоҳи ҷадиди назорати зиддимушакӣ" бояд ба Киев дар муқобала бо тӯпзаниҳои ҷудоихоҳон мусоъидат кунад.
Нашрия зикр мекунад, ки дафтари раёсати ҷумҳурии ИМА Барак Обама ба гунаи қаблӣ мухолифи ироъаи кӯмакҳои низомӣ ба Украина мебошад.

Таҳлилгарон: имкон дорад ҷудоихоҳон ҳамаи Донбасро зери назорат гиранд

"Аммо мақомоти баландпояи раёсати ҷумҳурӣ изҳор доранд, ки ин истгоҳ назорати тӯлонии зиддимушакӣ маргбор нест ва ба сиёсати феълии кишвар дар қиболи Украина созгор мебошад", — навиштааст нашрия.

Вазири дифоъ Эштон Картер дар баррасиҳои порлумонӣ дар оғози моҳи июл изҳор дошт, ки ИМА навҳаҳои ироъаи кӯмакҳои низомӣ ба Украинаро баррасӣ мекунанд, аммо тасмими ниҳоӣ гирифта нашудааст. Мавзӯъи ироъаи кӯмакҳои низомиро раиси комитети умури нерӯҳои мусаллаҳ Ҷон Маккейн савол карда аз вазир пурсид, ки оё ва то ҳол "ҷонибдори фиристодани кӯмакҳои низомӣ ба Украиан аст?".

Мақомоти Украина ва кишварҳои Ғарбӣ мукарраран Русия дар мудохила ба умури дохилии Украина муттаҳам мекунанд. Русия ин иттиҳомро рад карда онро ғайри қобили қабул унвон мекунад. Москав борҳо изҳор дошта буд, ки ба ҳаводиси ҷанубу шарқи Украина рабте надораду ба ҷудоихоҳон васоили низомӣ ва тир ироъа намекунад ва ҷониби даргирии дохилии Украина намебошаду ба рафъи бӯҳрони сиёсӣ ва иқтисодӣ дар ин кишвар мебошад.

Лентаи хабарҳо
0