17:16 22 октябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.70
  • EUR10.83
  • RUB0.15
Руасои ҷумҳури Русия, Фаронса, Украина ва садри аъзами Олмон. Акс аз бойгонӣ

Нигаронии “чаҳоргонаи нормандӣ” аз хуруҷи низомиён аз Широкино

© Sputnik / Виктор Толочко
Амният
Гирифтани линки кӯтоҳ
4 0 0

Ба коршиносони Маркази муттаҳида барои назорат ва ҳамоҳангсозӣ ва Ҳайъати назоратии САҲА, ки кормандонаш бояд дар Широкино мустақар шаванд, дастур шудааст нақшаи ихроҷи низомиён аз шаҳракро таҳия кунанд.

ДУШАНБЕ, 24 июл — Sputnik. Раҳбарони кишварҳои "чаҳоргонаи нормандӣ" дастур доданд, ки то 3 август нақшаи амалии ихроҷи ҷузъу томҳои нерӯҳои мусаллаҳи Украина за шаҳраки Широкинои вилояти Донетск таҳия карда шавад, хабар медиҳад РИА Новости бо истинод ба маркази матбуотии кохи Елисейск.

Зикр шудааст, ки раҳбарони Русия, Олмон, Фаронса ва Украина чунин дастурро ба коршиносони Маркази муттаҳида барои назорат ва ҳамоҳангсозӣ (ММНҲ) ва Ҳайъати назоратии (ҲН) САҲА, ки кормандонашон бояд дар ин шаҳр мустақар шаванд, ироъа кардаанд.

Сӯҳбати телевонии раиси ҷумҳури Русия Владимир Путин бо садри аъзами Олмон Ангела Меркел, бо раиси ҷумҳури Фаронса Франсуа Олланд ва раиси ҷумҳури Украина Петр Порошенко шоми рӯзи панҷшанбе баргузор шуд.

 

Мавзуъ

Амалиёти низомӣ дар шарқи Украина – як сол пас аз даргирӣ дар Донбасс
ШАМД: на ҳамаи Донбасс минтақаи вижа мешавад
ВКХ ФР, Олмон, Фаронса ва президенти Украина дар бораи бӯҳрони Донбасс
Барчаспҳо:
ихроҷи низомиён аз Широкино, Кохи Елисейск, Петр Порошенко, Франсуа Олланд, Ангела Меркел, Владимир Путин, Широкино, Донбасс, Украина

Мавзӯъҳои асосӣ