12:05 23 январи 2021
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.74
  • RUB0.15
Амният
Гирифтани линки кӯтоҳ
12 0 0

Баъд аз афзоиши мизони терроризм дар Туркия ҳукумати ин кишвар ба ҳамалоти ҳавоӣ ба мавзеъоти ҷангҷӯёни “Давлати исломӣ” дар Сурия иҷоза дод ва ҷангандаҳо бидуни убури марзи ду кишвар ин вазифаро иҷро карданд.

ДУШАНБЕ, 24 июл — Sputnik. Нерӯҳои ҳавоии Туркия барои бори нахуст зарбаҳои мушакӣ ва бомбпартобӣ ба мавзеъоти "Давлати исломӣ" дар Сурияро анҷом доданд, хабар медиҳад РИА Новости бо истинод ба Рейтер.

"Ба чаҳор адад муассисаи ҷангҷӯён зарба зада шуд. Ҷангандаҳои ширкаткунанда дар ин амал дар ҳарими ҳавоии Туркия қарор доштанд", — омадааст дар хабар.

Рӯзи панҷшанбе дар Анқара ҷаласаи изтирорӣ дар робита ба масоили амниятӣ таҳти раҳбарии нахуствазири Туркия Аҳмад Довудоғлу баргузор шуд. Ин ҷаласа ба дунболи ташаннуҷи сареъи вазъ дар кишвар баъд аз анҷоми амали террористӣ дар Суруч ва нахустин даргирии артиши туркӣ бо террористони "ДИ" дар марз бо Сурия дар ин рӯз баргузор шуд.

Гурӯҳи террористии "Давлати исломӣ" дар се сол бахши умдаи қаламрави Ироқ ва Сурияро ғасб карда тибқи иттилоъи манобеъи мухталиф қаламрави тасарруфкардааш ба 90 ҳазор километри муррабаъ мерасад. Дар суфуфи ин гурӯҳ ба иттилоъи манобеъи мухталиф то 200 ҳазор нафар ҷангҷӯён меҷанганд.

Давлати исломӣ
© Инфографика
"Давлати исломӣ"

Мавзуъ

Ба “Давлати исломӣ” ҳамаи кишварҳои узви АСЕАН ҷанг эълом карданд
“Давлати исломӣ” амири Хуросонро таъин кард
Барчаспҳо:
чархболҳои Туркия, ҷанг дар Ироқ, ҷанг дар Сурия, зарбаҳои ҳавоии Туркия ба мавзеъоти "ДИ", ДИ, "Давлати исломӣ", Аҳмад Довудоғлу, Туркия

Мавзӯъҳои асосӣ