Толибон дар Бадахшон беш аз 100 нафар пулиси асирро озод карданд

© AP / Massoud HossainiНиҳодҳои интизомии Афғонистон. Акс аз бойгонӣ
Ниҳодҳои интизомии Афғонистон. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Маъмурони пулиси Афғонистон, ки тӯли се рӯз вориди даргирии шадид бо толибон буданд, шаби шанбе дар вулусволии Вардуҷ ба толибон таслим шуданд.

ДУШАНБЕ, 27 июл — Sputnik. Беш аз 100 нафар маъмурони пулис, ки ба толибон асир афтода буданд, бо тасмими худи ҷангҷӯён шаби душанбе аз асорат озод шуданд, менависад Afghanistan.ru.

Маъмурони интизомӣ шаби шанбе дар вулусволии Вардуҷ баъд аз даргирии шадид бо ҷангҷӯёни "Толибон" таслим шудаанд.

"Барои озодии маъмурони интизомӣ пирони ширкаткунанда дар музокирот бо гаравгирон мусоъидат кардаанд. Худи намояндагони "Толибон" ин амрро таъйид карда ва афзудаанд, ки аз асирон замонат гирифтаанд, ки баъд аз озодӣ ба хидмати пулис барнамегарданд", — зикр мекунад хабаргузорӣ.

Дар ҳамин ҳол ба навиштаи Afghanistan.ru ВКД ва вазорати дифоъ таҳқиқи ин ҳодисаро анҷом хоҳад дод, зеро ҳадс зада мешавад, ки пулиси таслимшуда эҳтимол дорад бо толибон муъомилоте анҷом додаанд.

Боевики Талибан на пути Баглан. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
ВАО: дар 2 рӯз толибон 40 музофотро дар марзи Туркманистон гирифтаанд

Раиси пулиси вилояти шимолу шарқии Бадахшон генерал Бобоҷон аллакай маъмурони пулиси Афғонистонро дар муъомилот бо ҷангҷӯён муттаҳам кардааст.

Раҳбари пулиси минтақа чунин изҳори назари худро дар сомонаи иҷтимоии Facebook мунташир кардааст.

"Маъмурони интизомӣ миқдори зарурии аслиҳа барои идомаи муқовимат бо толибонро доштанд ва метавонистанд пойгоҳи низомии зарурӣ дар шимоли кишварро ҳимоят кунанд", — иқтибос овардааст хабаргузорӣ аз навиштаи генерал дар шабакаи иҷтимоӣ.

Вай мӯътақид аст, ки маъумрони пулис муъомила бо душман ва таслимшавиро беҳтар донистаанд.

Лентаи хабарҳо
0