18:55 22 августи 2019
Пахши мустақим
  • USD9.68
  • EUR10.73
  • RUB0.15
Нозири САҲА

Мақомоти Луганск ҷудоихонро дар тирзании ҳайъати САҲА мунҷар медонанд

© Sputnik / Алексей Куденко
Амният
Гирифтани линки кӯтоҳ
4 0 0

Муъовини раҳбари ҳайъати нозирони САҲА дар Украина Александр Хуг изҳор дошт, ки мавриди тирпарронии нозирон таҳқиқ хоҳад шуд.

ДУШАНБЕ, 27 июл — Sputnik. Идораи низомиву мулкии вилояти Лугански Украина рӯзи душанбе изҳор дошт, ки намояндагони ҳайъати нозирони САҲА гӯиё мавриди тирпарронии ҷудоихоҳон қарор гирифтаанд, на низомиёни украинӣ.

"Ҳангоми тирпарронӣ аз сӯйи Луганск намояндагони ҳайъати САҲА ба раҳбарии ҳамоҳангсози гурӯҳи умури башардӯстонаи гурӯҳи тамос барои рафъи даргирӣ дар Донбасс Тони Фриш дар ҳаракат буданд, вале дар пайи шиддати тирпарронӣ аз сӯйи ҷангҷӯён онҳо натавонистанд ба мулоқот бо раҳбарияти низомиву мулкии вилояти Луганск бирасанд", — омадааст дар хабари сомонаи вилоят.

Рӯзи якшанбе ҳайъати САҲА бо раҳбарии ҳамоҳангсози умури башардӯстонаи гурӯҳи тамос барои рафъи даргирӣ дар Донбасс Тони Фриш зери тирпарронии миномётӣ дар наздикии шаҳри Счасте қарор гирифт. Муъовини раҳбари ҳайъати нозирони САҲА дар Украина Александр Хуг изҳор дошт, ки мавриди тирпарронии нозирон таҳқиқ хоҳад шуд.

"Мо ин ҳодисаро, ки нозирони САҲА зери тирпарронӣ қарор гирифтанд, дақиқан таҳқиқ хоҳем кард ва ҷузъиёти ин ҳодисаро рӯшан мекунем ва бо ҳар ду ҷониби даргирӣ дар тамос хоҳем шуд", — гуфт Хуг.

Ба гуфтаи вай тирпарронӣ ба ҳангоми сафари корӣ ба сурати ногаҳонӣ рух дод ҳарчанд ҳар ду ҷониби даргирӣ аз фаъолияти нозирони ин созмон дар ин минтақа огаҳ шуда буданд.

"Имрӯз, рӯзи якшанбе соъати 12.49 мошинҳои САҲА қасд доштанд пул дар маҳалли ҳамрадифро убур карда ба самти шаҳри Счасте мунтақил шаванд ва ин амр бо ҳар ду ҷониби даргир ҳамоҳанг шуда буд. Дар ин ҳангом тирпарронӣ аз самти шимол шурӯъ шуд. Ин ҳодиса дар маҳалли постгоҳ рух дод ва дар сафар 5 нафар узви ҳайъат шомил буданд", — гуфт Хуг.

Ба гуфтаи вай, тирпарронӣ ҳудуди 90 дақиқа идома ёфт ва нозирон водор шуданд дар панаҳгоҳҳо худро эмин нигаҳ доранд. "Соъати 14.20 тирпарронӣ анҷом ёфт, ҳама зинда ва касе ҷароҳат набардоштааст ва касе осеб ҳам надид", — изҳор дошт муъовини раҳбари ҳайъати нозирони САҲА.

Вай ҳамчунин таъкид кард, ки ин барои бори нахуст нест, ки нозирони ҳайъат мавриди тирпарронӣ дар Донбасс қарор мегиранд.

Мавзуъ

Раҳбари нозирони САҲА муаррифӣ шуд
Ташаннуҷи авзоъ дар Донбасс
Раҳбарони Фаронса, Олмон ва Украина хостори сулҳ дар Донбасс мебошанд
Барчаспҳо:
таниши авзоъ дар Луганск, ҷанг дар Украина, таҳқиқи мавриди тирпарронии ҳайъати САҲА, ҳайъати нозирони САҲА дар Донбасс, Александр Хуг, Тони Фриш, Луганск, Донбасс, Украина

Мавзӯъҳои асосӣ