11:51 22 майи 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.53
  • RUB0.15
Аламхон Қодириён дар нишасти матбуъотии Агентии давлатии назорати молӣ ва мубориза бо фасод ҶТ 27 июли соли 2015

Масъулон намедонанд, ки кормандон чӣ гуна мошинҳои гаронбаҳо мегиранд

© Sputnik Амир Исаев
Амният
Гирифтани линки кӯтоҳ
21 0 0

Муовини сарвари Агентии назорати молӣ ва мубориза бо фасод ҳадс зад, ки мошинҳои гаронбаҳое, ки кормандонашон доранд, аз сӯйи пайвандон ва дӯстон тӯҳфа шудаанд.

ДУШАНБЕ, 28 июл — Sputnik. Маоши мутавассити кормандони ниҳод аз 940 то 1265 сомонӣ (ҳудуди $150-200) аст, хабар дод муовини аввали директори Агентии назорати давлатии молӣ ва мубориза бо фасод Наим Аламхон Қодириён.

Рӯзи гузашта зимни нишасти матбуотӣ дар Душанбе вай зикр кард, ки феълан теъдоди кормандони Агентӣ 400 нафар буда 89 нафари онҳо кормандони назорати молӣ ва 391 нафар низомиён мебошанд.

Дар посух ба ин суоли хабарнигорон, ки чӣ гуна бо чунин маош бархе аз кормандони Агентӣ соҳиби мошинҳои гаронбаҳо ва манозили бошукӯҳ мешаванд, Наимӣ гуфт, ки худ дар ин бора иттилоъи комил надорад.

Вай ҳадс зад, ки эҳтимол дорад бархе аз кормандон аз ҳисоби тиҷорати пайвандонашон соҳиби мошинҳо ва манозил шудаанд.

"Онҳо мисли шумо хонавода доранд, бародарону дӯстоне доранд, ки соҳибкор мебошанд. Бархе аз волидайнашон ба тиҷорат машғуланд", — гуфт Қодириён.

Ба гуфтаи муовини аввали мудири Агентӣ дар сохтори ин ниҳод хадамоти амнияти дохилӣ фаъол мебошаду ин мавзӯъро пайгирӣ мекунад, аммо то ҳол ҳеҷ мавриде ошкор нашудааст.

Мавзуъ

Дар макотиби Тоҷикистон дарси мубориза бо фасод ба роҳ монда мешавад
Зиддифасод: низоми бонкии Тоҷикистон фасодзадатарин мебошад
Барчаспҳо:
мошинҳои гаронбаҳои кормандони Агентӣ, нишасти матбуотӣ, изҳори назар, Агентии назорати давлатии молӣ ва мубориза бо фасод, Наим Аламхон Қодириён, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ