16:35 20 июни 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.58
  • RUB0.15
Амалиёти вижа дар Анқара 27 июли соли 2015

Дар пайи амалиёти вижае дар Туркия беш аз ҳазор нафар боздошт шуданд

© AP /
Амният
Гирифтани линки кӯтоҳ
5 0 0

Амалиёти зиддитеррористӣ, ки дар 34 вилоёти Туркия анҷом мешавад, алайҳи ҷангҷӯёни “Давлати исломӣ” Ҳизби коргари Курдистон равона шудааст.

ДУШАНБЕ, 28 июл — Sputnik. Теъдоди афроди боздоштшуда дар Туркия дар пайи амалиёти вижае ба 1050 нафар расидааст, омадааст дар баёнияи дафтари ҳукумати кишвар, ки рӯзи душанбе тавзеъ шуд.

Рӯзи ҷумъаи гузашта ниҳодҳои амниятии Туркия алайҳи ҷангҷӯёни "Давлати исломӣ" (ДИ), Ҳизби коргари Курдистон ва созмонҳои дигари террористӣ, ки фаъолияти онҳо ба амнияти кишвар таҳдид мекунад, амалиёти вижа оғоз карданд. Қаблан мақомот аз 590 нафари боздоштшуда хабар дода буданд.

Амалиёти зиддитеррористӣ дар 34 вилоёти Туркия сурат мегирад.

Вазъият дар Туркия баъд аз анҷоми амали террористӣ дар Суруҷ, ки онро "Давлати исломӣ" анҷом дода ва қатли маъмурони пулис дар вилоёти ҷанубу шарқӣ, ки масъулияти онҳоро Ҳизби коргари Курдистон бар зимма гирифт, муташанниҷ шуд.

Мавзуъ

Президенти Туркия ба ИА: "Ба мо кордор набошед"
Сивков: Туркия низоми дифоъи зиддимушакии худро таъсис медиҳад
Боздошти як тоҷики муттаҳам ба пайравӣ аз Давлати исломӣ дар Туркия
Табаъайи Туркия ба гумони ҷалби шаҳрвандон ба ҷанги Туркия боздошт шуд
ВАО: дар марзи Туркия ва Сурия гурӯҳи шаҳрвандони ҶТ боздошт шудаанд
Барчаспҳо:
амалиёт дар Туркия, ҷанг дар Сурия, омори боздоштшудагони дар пайи амалиёти вижа, ниҳодҳои амниятии Туркия, дафтари ҳукумати Туркия, Туркия

Мавзӯъҳои асосӣ