15:48 17 июли 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.59
  • RUB0.15
Дар марзи Тоҷикистону Афғонистон. Акс аз бойгонӣ

Душанбе ва Бишкек музокироти марзиро идома медиҳанд

© Sputnik / Хушнуд Рахматуллаев
Амният
Гирифтани линки кӯтоҳ
5 0 0

Тоҷикистон 50% марз бо Қирғизистонро таъйид карда бо Ӯзбекистон 90 дарсади манотиқи марзӣ таъйид шудааст.

ДУШАНБЕ, 29 июл — Sputnik. Душанбе ва Бишкек музокирот барои таъйин ва таъйиди хутути марзи муштаракро идома медиҳад, хабар дод ахиран вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Аслов дар нишасти матбуотӣ дар Душанбе, менависад хабаргузории Авеста.

"Ҷонибҳо нақшаи корӣ дорад ва тибқи он ҷонибҳо куллияи масоили марбут ба ин мавзӯъро баррасӣ мекунанд. Ҳудуди 50% хати марз таъйид шудааст ва умури таъйини қисмати боқимондаи марз идома дорад", — зикр кард вай.

Аслов ҳамчунин хабар дод, ки умури таъйин ва аломатгузории марз бо Ӯзбакистон низ идома дорад.

"Бо Ӯзбекистон 90% хутути марз таъйид шуда таъйини 10% боқӣ мондааст", — гуфт вазир.

Раҳбари ВКХ Тоҷикистон изофа кард, ки мавзӯъи марзи Тоҷикистону Афғонистон ҳалл шуда танҳо аломатгузории он боқӣ мондааст. "Марз аз рӯйи рӯдхонаи Панҷ мегузарад ва маҷрои он пайваста тағйир ёфта соҳилҳои ҳар ду тарафи марзро мешӯяд. Ба ин далел дар ин марз аломатгузорӣ зарур аст", — зикр кард вай.

Мавзуъ

Тоҷикистон ва Қирғизистон дар Ашқобод музокирот карданд
Тоҷикистону Қирғизистон дар масоили марзӣ боз ба тавофуқ нарасиданд
Барчаспҳо:
сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон, таъини хутути марз, аломатгузории сарҳад, изҳороти вазир, ВКХ Тоҷикистон, Сироҷиддин Аслов, Ӯзбакистон, Афғонистон, Қирғизистон, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ