ВАО: дар Реюнон ҷузъи ҳавопаймои суқуткарда бо шуморааш пайдо шуд

© Reunion 1ere via APҶузъи пайдошудаи ҳавопаймо дар ҷазираи Реюнон
Ҷузъи пайдошудаи ҳавопаймо дар ҷазираи Реюнон - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ба эътиқоди коршиносон ошкор кардани ҳуввияти ҳавопаймои суқуткарда дар ҷазираи Реюнонро бо кӯмаки “шумораи мавқеъ”, ки он дар ҳар як ҷузъи ҳавопаймо сабт мешавад, мушаххас кардан мумкин аст.

ДУШАНБЕ, 30 июл — Sputnik. Бозрасоне, ки дар ҷазираи Реюнон пораи ҳавопаймои эҳтимолан Boeing-и Малайзиягӣ, ки соле қабл нопадид шуда буд, пайдо кардаанд аз вуҷуди шумораи ҳавопаймо иттилоъ доданд, хабар медиҳад РИА Новости бо истинод ба шабакаи радиоии фаронсавии France Info.

"Барои иттилоъ: шумораи сабтшуда 657ВВ. Ин шумораи Boeing буда комилан дақиқ мебошад", —радио аз суханони коршинос Ксаве Тителман (Xavier Tytelman) ин иқтибосро овардааст.

Жан Серра, коршиноси дигар дар барномаи шабакаи телевизионии BFMTV гуфта буд, ки таъйиди ин амр, ки ҷузъи пайдошуда қисме аз ҳавопаймои малайзиягӣ мебошад танҳо тавассути "шумораи мавқеъ", ки дар куллия ҷузъҳои ҳавопаймо мавҷуданд, имконпазир мебошад.

Қаблан хабаргузории Франс Пресс бо истинод ба манобеъ хабар дода буд, ки ҷузъҳои ҳавопаймои ношинос рӯзи чаҳоршанбе дар ҷазираи фаронсавии Реюнон дар уқёнуси Ҳинд пайдо шудаанд. Ба иттилоъи хабаргузорӣ коршиносони маҳаллӣ се навҳаи пайдо шудани ин ҷузъи ҳавопайморо матраҳ кардаанд. Ба эътиқоди онҳо қисмати пайдошуда метавонад ҷузъи ҳавопаймои думуҳаррика, ки соли 2006 дар соҳили ҷазира суқут карда буд, метавонад ҷузъи Boeing-и Малайзия бошад, ки соли 2014 нопадид шудааст ва ё ҳавопаймои ямании А310 бошад, ки дар моҳи июни соли 2009 дар наздики ҷазоири Комор суқут карда буд.

Ин ҷузъи ҳавопайморо мақомоти Австралия ва Фаронса таҳқиқ мекунанд ва Малайзия ба ин минтақа гурӯҳи коршиносонро эъзом кардааст. Коршиносони ИМА дар умури амнияти парвозҳо иддаъо доранд, ки ҷузъи пайдо шуда ба ҳавопаймои Boeing 777 шабеҳ аст, вале то ҳол ин мушкил дақиқан собит нашудааст.

Ба иттилоъи шабакаи телевизионӣ, ҷузъи пайдошуда моли ҳавопаймои Boeing-и Малайзия мебошад, вале то ҳол ин дақиқан собит нашудааст.

Шаби 8 марти соли 2014 Boeing 777-200, ки бо хатсайри МН370 аз Куала-Лумпур ба Пекин бо 227 нафар мусофиру 17 узви ҳайъати халабонҳо парвоз мекард, аз назари назоратчиён нопадид шуд. Ҳадс зада мешавад, ки ин ҳавопаймо дар қисмати ҷанубии уқёнуси Ҳинд суқут кардааст.

Лентаи хабарҳо
0