03:57 26 майи 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.56
  • RUB0.15
Юсуф Раҳмон, додситони кулли Тоҷикистон. Акс аз бойгонӣ

Додситони кулл: баъзе аз занҳои тоҷик дар ДИИШ то 5 шавҳар кардаанд

© Sputnik
Амният
Гирифтани линки кӯтоҳ
34 0 0

Юсуф Раҳмон, додситони кулли Тоҷикистон, гуфт, бар асоси иттилое, ки дар даст доранд, баъзе аз занони тоҷик баъди пайвастан ба “Давлати исломӣ” мавриди суистифодаи ҷинсӣ қарор мегиранд.

ДУШАНБЕ, 31 июл — Sputnik. Юсуф Раҳмон, додситони кулли Тоҷикистон гуфт, бархе аз занону духтарони тоҷик, ки ба гурӯҳи "Давлати исломӣ" пайвастаанд, ҳадди ақал то панҷ бор шавҳар кардаанд, менависад "Радиои Озодӣ".

Додситони кулл ин ҳарфҳоро 31 июл дар суҳбати рӯбарӯ бо хабарнигорон баён дошт.

Вай афзудааст, танҳо рӯзи гузашта (30 июл) бо ёрии мақомот як зани тоҷик аз Сурия оварда шудааст, ки баъди марги шавҳараш тақрибан тӯли як сол мавриди сӯистифодаи ҷинсӣ қарор гирифтааст.

"Дирӯз бо ӯ суҳбат доштам. Нақл кард, ки дар Сурия чӣ аҳвол доштанд", — гуфт досдитони кулл.

"Ин зан ҳамроҳи шавҳараш ба Сурия меравад. Ҳамагӣ дар як моҳ сад доллар ба онҳо медодаанд. Он духтар аз ҳудуди ҳавлӣ берун намебаромадааст. Ҳатто имконияти ягон касро дидан ва суҳбат карданро надоштааст. Гӯем, дар ҳабси хонагӣ будааст. Вақте шавҳараш дар ҷанг кушта мешавад, як сол дар Сурия истифода мекунанд. Ӯ баъд аз ин тамоми роҳҳоро истифода карда, бо ёрии мақомот аз марзи Туркия мегузарад ва сипас ба Ватан оварда шуд", — гуфтааст Юсуф Раҳмон.

Додситони кулли Тоҷикистон дар идома гуфт, харҷи сафари ҷангиёни пушаймоншудаи тоҷик аз Туркия то кишвар аз ҳисоби давлат пардохта мешавад.

Ҳарчанд масъулони додситонии кулл нагуфтанд, ки дар ҳоли ҳозир чӣ теъдод аз шаҳрвандони кишвар дар Сурия қарор доранд, вале таъкид карданд, ки аксари онҳо шиносоӣ шуда, ҳалокати беш аз 150 нафарашон тасдиқ гардидааст. Ҳафтаи гузашта Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон теъдоди умумии шаҳрвандони кишвар дар ҷангҳои Ироқу Сурияро 519 нафар гуфта буд.

Барчаспҳо:
баргардонӣ, асорат, занҳои тоҷик, нишасти хабарӣ, ДИИШ, Додситонии кулли Тоҷикистон, Юсуф Раҳмон, Душанбе

Мавзӯъҳои асосӣ