05:56 18 июли 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.59
  • RUB0.15
Амалиёти вижа дар Налчик барои боздошти ҷангҷӯён

Дар Налчик миёни маъмурони интизомӣ ва ҷангҷӯён даргирӣ идома дорад

© Sputnik / Евгений Каюдин
Амният
Гирифтани линки кӯтоҳ
2 0 0

Дар яке аз навоҳии Налчик шаби якшанбе низоми зиддитеррористӣ роҳандозӣ шуд.

ДУШАНБЕ, 3 авг — Sputnik. Маъмурони ниҳодҳои интизомӣ имрӯз вориди даргирӣ бо ҷангҷӯёне шуданд, ки дар Налчик алайҳи онҳо муқовимати мусаллаҳона карданд, хабар дод ба РИА Новости рӯзи душанбе манбаъ дар ниҳодҳои интизомии Қабардину Болқар.

Аз соъати 04.45 бо вақти Душанбе дар қисмате аз қаламрави Налчик бо шумули хиёбонҳои Самотечная, Геляев, Мусов, Наздисоҳилии 2, Нартавновск ва Калинин низоми амалиёти зиддитеррористӣ (НАЗ) роҳандозӣ шуд.

"Дар яке аз биноҳои баландошёна дар маҳаллаи "Александровка" гурӯҳе аз ҷангҷӯён ошкор шуданд, ки ба маъмурони ниҳодҳои интизомӣ муқовимати мусаллаҳона карданд. Феълан тирпарронӣ идома дорад", — гуфт мусоҳиби хабаргузорӣ.

Ба ҳангоми иҷрои амалиёти зиддитеррористӣ то дастури вижа дар ин қаламрав иқдомоти заруриву маҳдудиятҳое рӯйи даст гирифта мешаванд.

НАЗ иқдомоте назири тақвияти ҳифозати тартиботи ҷамъиятӣ; бозрасии асноди шиносоии куллияи ҳозирин дар минтақаи зикршуда ва дар сурати адами асноди зарурӣ афроди машкук ба бахшҳои пулис ва ё ниҳодҳои дигари интизомӣ барои мушаххас кардани ҳуввияти онҳо мунтақил дода мешаванд; мунтақил кардани васоили нақлия аз ин минтақа; эҳтимоли масдуд кардани алоқаи мобилӣ дар ин минтақаро дар назар дорад.

Барчаспҳо:
даргирӣ миёни маъмурон ва ҷангҷӯён, Пулиси Қабардину Болқар, Налчик, Русия

Мавзӯъҳои асосӣ