02:11 26 майи 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.56
  • RUB0.15
Парчами Давлати исломӣ. Акс аз бойгонӣ

Комроне, ки аз сӯҳбатҳои динӣ мегурехт, Сурия рафтааст

AP Photo, File
Амният
Гирифтани линки кӯтоҳ
24 0 0

Як донишҷӯи тоҷики Академияи кишоварзии шаҳри Ивановои Русия ба гуруҳи “Давлати исломӣ” пайвастааст. Мақомоти тоҷик ӯро дар пайгарди байналмилалӣ қарор додаанд.

ДУШАНБЕ, 4 авг — Sputnik. Вазорати корҳои дохили Тоҷикистон аз пулиси байналмилалӣ хостааст, донишҷӯи соли савуми Академияи кишоварзии Ивановои Русияро, ки ба гурӯҳи "Давлати исломӣ" пайвастааст, боздошт кунад, менависад "Радиои Озодӣ".

Номи ин донишҷӯро мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ошкор карданд. Онҳо мегӯянд, Комрон Хоҷаев, шаҳрванди Тоҷикистон ва сокини ноҳияи Ҳамадонӣ дар соли савуми таҳсилаш дар Русия ба гуруҳи тундгаро шомил шуда, ба Сурия рафтааст.

Бахтиёр Аминзода, сардори Шӯъбаи умури дохилаи ноҳияи Ҳамадонӣ рӯзи 3 август дар сӯҳбат бо "Озодӣ" хабари пайвастани Комронро ба гуруҳи "Давлати исломӣ" тасдиқ кард ва гуфт, ба ин сабаб ҳоло ӯ зери пайгарди Интерпол қарор гирифтааст. Ба гуфтаи Аминзода, дар шаш моҳ соли 2015 ҳафт сокини ин ноҳия ба гуруҳи тундравӣ ДИИШ пайваста, яке аз онҳо донишҷӯ буда ва дигаре бо зан ва се фарзанди ноболиғаш ба Сурия рафтаанд. Ӯ мегӯяд, нисбати ин ҳафт нафар парванда боз шудааст.

"Комрон дар Академияи муҳандисии хоҷагии қишлоқи шаҳри Иваново таҳсил мекард, рӯзи 27 феврал аз фурудгоҳи Домодедовои Маскав ба Туркия парида, аз онҷо ба сафи гурӯҳи тундрав пайвастааст. Ҳоло аз ноҳияи Ҳамадонӣ ҳафт нафар дар Сурияву Ироқ қарор дошта, як нафари онҳо бо зан ва се кӯдакӣ ноболиғаш рафтааст", — гуфт Бахтиёр Аминзода.

Дар бораи ифротгаро шудани Комрон дар ҳоле сӯҳбат мекунанд, ки ҳамдеҳагонаш мегӯянд, вай умуман аз дин хабаре надошт ва падару модар ӯро ба гуна парвардаанд, ки мазҳабӣ набошад.

Баҳриддин, як ҳамдеҳаи Комрон дар суҳбат бо "Озодӣ" гуфт, ки хабари ба "Давлати исломӣ" ҳамроҳ шудани шахсе мисли Комрон барояш такондиҳанда аст. Ба гуфтаи Баҳриддин, замоне ки дар миёни ҷавонон аз дин ё мазҳаб сӯҳбат мешуд, Комрон аз онҷо рӯ ба фирор меовард. Ӯ мегӯяд, баъди хабари пайвастани ин ҷавон падару модар ҳоло деҳаро тарк карда, дар Душанбе маскан гирифтаанд.

"Бовар кунед, ҳама ҳамсояҳо мегӯянд, ки ин чӣ хел Комрон ба Сурия рафт. Агар дар ягон ҷо амри маруф ё ягон чизи дигар ба дин рабт медошт, ӯ мегурехт. То ҳол бисёриҳо ба ин хабар бовар надоранд" — гуфтааст мусоҳиби "Озодӣ".

Ҳоло тибқи иттилои расмӣ 7 донишҷӯ аз Русия ва 11 дониишҷӯи мактабҳои олии Тоҷикистон ба гуруҳи "Давлати исломӣ" пайвастаанд. Дар пайи ин аксар падару модарон дар минтақаи Кӯлоб дигар нахостанд фарзандонашон барои таҳсил ба Русия раванд. Ҳарчанд мо талош кардем, бо падари Комрон, Рустам Хоҷаев дар тамос шавем, аммо ӯ ба зангҳои пай дар пайи мо ҷавоб нагуфт.

Сулаймон, як сокини ноҳияи Фархор баъд аз шунидани хабари пайвастани ду донишҷӯ ба тундгароён, аз фарзандонаш хост, таҳсилро дар Русия қатъ ва дар Тоҷикистон идома диҳанд. Ба гуфтаи Сулаймон, ду фарзандаш дар бахши муҳандисии Донишгоҳи Технологии шаҳри Иваново, донишгоҳе, ки Комрон дар он мехонд, таҳсил мекардаанд ва ӯ аз онҳо хост, ба ватан баргарданд.

Аз манотиқи Кӯлоб дар ҷангҳои Ховари Миёна наздики 70 нафар ширкат мекунанд, ки бештари онро ҷавонони аз 20 то 30-солаанд. Раёсати умури дохилии минтақаи Кӯлоб як ҳафта қабл дар нишасти матбуотиаш гуфт, ки онҳо дар як ҳафтаи ахир пайвастани ҳафт ҷавонро ба гуруҳи "Давлати исломӣ" ошкор карда, нисбаташон парвандаи ҷиноӣ боз намудаанд.

Барчаспҳо:
байналмилалӣ, донишҷӯ, ҷустуҷӯ, гуруҳ, пайвастан, ДИИШ, Бахтиёр Аминзода, Ҳамадонӣ, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ