03:48 23 августи 2019
Пахши мустақим
  • USD9.68
  • EUR10.73
  • RUB0.15
Силоҳи Калашников. Акс аз бойгонӣ

Расонаҳо: дар даргирии марзӣ бо Тоҷикистон аз аслиҳа истифода шудааст

© Flickr/ Samuel Johnson
Амният
Гирифтани линки кӯтоҳ
То кай?: танишҳои марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон (58)
9 0 0

Идораи давлатии марзбонии Қирғизистон вазъ дар манотиқи марзӣ бо Точикистонро печида унвон кардааст. Расонаҳо аз як мавриди тирпарронӣ ва ташаннуҷи авзоъ дар маҳалли даргирӣ хабар медиҳанд.

ДУШАНБЕ, 4 авг — Sputnik. Тирпарронии ҷудогона дар маҳалли даргирӣ дар манотиқи марзии миёни Қирғизистону Тоҷикистон 4 август рух дод, хабар медиҳанд расонаҳои ҳар ду кишвар.

Дар бораи ин ки аз сӯйи кадоме аз ин ду ҷониб тирпарронӣ сурат гирифтааст иттилоъи зиддунақиз мерасанд.

Sputnik Қирғизистон бо истинод ба бахши равобит бо ҷомеъа ва расонаҳои Идораи давлатии марзбонии ҶҚ хабар медиҳад, ки сарҳадбонони қирғиз аз аслиҳа дар маҳалли даргирии миёни сокинони Тоҷикистон ва Қирғизистон истифода накардаанд.

"Тибқи иттилоъи муқаддамотӣ дар қаламрави Тоҷикистон як тирпарронии ҷудогона аз аслиҳа сурат гирифтааст. Аз ҷониби Қирғизистон дар пайи ин тирпарронӣ касе осеб надидааст. То соати 14:25 рӯзи 4 августи соли 2015 вазъият дар маҳалли Майская печида арзёбӣ мешавад", — иқтибос овардааст пойгоҳи хабарӣ аз баёнияи Идораи марзбонии Қирғизистон.

Дар ҳамин ҳол, хабаргузории "Азия-Плюс" менависад, дар манотиқи марзии миёни Тоҷикистону Қирғизистон рӯзи дуввум аст, ки миёни сокинони манотиқи ҳаммарз муноқиша идома ёфта чанд дақиқа қабл атбоъи тоҷик тавассути аслиҳа тирборон шудаанд.

Манбаъи ин хабаргузорӣ дар шаҳрдории Исфара, ки аз бурдани номаш худдорӣ шудааст, гуфтааст, ки дар пайи ин тирпарронӣ ду шаҳрванди Тоҷикистон ҷароҳат бардоштаанд. Гузашта аз ин, чанд манзили маскунии сокинони рустои Сомониёни Тоҷикистон аз сӯйи атбоъи қирғиз оташ зада шудаанд.

Ба иттилоъи хабаргузории "24.kg" вазъият дар марз ташаннуҷ меёбад, ҷонибҳо ҳамдигарро сангборон карда, қасди тарки маҳалли даргириро надоранд.

Бо истинод ба ниҳодҳои интизомӣ гуфта мешавад, ки дар маҳалли Майская, ки дар он ҷо борҳо миёни сокинони ҶҚ ва ҶТ даргириҳо рух додаанд, ҳудуди 500 нафар гирдиҳам омадаанд. Дар робита ба ҷониби Тоҷикистон CA-News иттилоъ медиҳад, ки дар манотиқи наздисарҳадӣ 300 нафар атбоъи ин кишвар таҷаммӯъ кардаанд.

Мавзуҳо:
То кай?: танишҳои марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон (58)

Мавзуъ

Шумори тоҷикон дар 16 соли ахир дар Қирғизистон 7,5 ҳазор афзоиш ёфт
Рӯзҳои фарҳангии Тоҷикистон дар Қирғизистон
Отамбоев: касе ба Қирғизистон дастдарозӣ мекунад, ҷавобашро мегирад
Тоҷикистон ва Қирғизистон дар Ашқобод музокирот карданд
Сохтмони ҷоддаҳо дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон анҷом меёбад
Тоҷикистону Қирғизистон дар масоили марзӣ боз ба тавофуқ нарасиданд
Барчаспҳо:
танишҳо дар марз, истифода аз аслиҳа дар муноқишаи миёни сокинони рустоҳои ҳаммарз, сангпартоӣ дар сарҳад, низоъҳои марзӣ, Идораи давлатии марзбонии Қирғизистон, Чоркӯҳ, Қирғизистон, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ