18:50 20 октябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.80
  • RUB0.15
Садама. Акс аз бойгонӣ

Дар ҷоддаҳои Тоҷикистон дар як шабонарӯз панҷ нафар фавтиданд

© Sputnik / Александр Нестеров
Амният
Гирифтани линки кӯтоҳ
4 0 0

Дар минтақаи Чошти ноҳияи Тавилдара мошини навъи "Hyundai galloper" ба ҷарии 500 метрӣ сарозер шуда ронанда ва мусофири ин худрав ҷароҳатҳо бардоштанду дар маҳалли ҳодиса ҷони худро аз даст доданд.

ДУШАНБЕ, 5 авг — Sputnik. Дар ҷоддаҳои Тоҷикистон дар пайи ду садамаи нақлиётӣ панҷ нафар кушта шудаанд, хабар медиҳад сомонаи ВКД ҶТ.

Рӯзи сешанбе сокини 30-солаи ноҳияи Тавилдара дар минтақаи Чошт бо мошини худ "Hyundai galloper" аз ҷодда берун шуд. Мошин ба ҷарии 500 метрӣ сарозер шуд ва дар натиҷа ронанда ва мусофири 29-сола, сокини маҳаллӣ ҷароҳатҳо бардошта дар ҷойи ҳодиса ҷони худро аз даст доданд.

Мусофирони дигари ин мошин — марди 27-сола, писарбачаи 7-сола ва навҷавони 17-сола бо ҷароҳатҳои мухталиф ба бемористон мунтақил шудаанд.

Дар ҳамин рӯз, дар ноҳияи Рӯдакӣ сокини 63-солаи маҳаллӣ идораи мошини "Mercedes-Benz"-ро аз даст дода ба ду раҳгузар — марди 29 сола ва кӯдаки 2 сола бархӯрда, сипас ба самти муқобили ҷодда баромада сарозер шудааст.

Дар пайи ин ҳодиса ронанда, мусофири 60-сола ва кӯдаки дусола ҷароҳатҳои сангин бардошта дар бемористон ҷони худро аз даст додаанд. Пиёдагарди 29-сола ва мусофири дигари 59-солаи ин мошин ҷароҳатҳо бардошта ба бемористон мунтақил шудаанд.

Мавзуъ

Собиқ муовини вазири умури дохила дар садама ба ҳалокат расид
Дар ноҳияи Айнӣ бар асари садама 4 нафар ҷон бохтанд
Дар як шабонарӯз 8 кас дар садамаҳои нақлиётӣ ҳалок шудаанд
Ду нафар дар садамаҳои нақлиётӣ ҳалок шуданд
Фавти чор нафар дар пайи садамаҳои нақлиётии як шабонарӯзи гузашта
Барчаспҳо:
ҳалокати панҷ нафар дар як рӯз, садамаҳо, ВКД, ноҳияи Рӯдакӣ, Тавилдара, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ