04:13 20 июли 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.60
  • RUB0.15
Деҳаи Кок-Тоши ноҳияи Ботканди Қирғизистон. Августи соли 2015

Идомаи музокироти марзбонони тоҷику қирғиз дар Исфара

Медербек Ниязалиев
Амният
Гирифтани линки кӯтоҳ
Дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон вазъ печида аст (6)
17 0 0

Ҳайатҳои сарҳадбонии Тоҷикистону Қирғизистон ба манзури баррасии ихтилофи марзии сокинони рустоҳои Сомониён ва Кок-Тош дар Исфара ҷамъ шуда, дар маҳалли низоъ бо вазъ ошно гардида, харитаи мавзеи баҳсиро ташхис карданд ва аз манзилҳои тахрибшуда дидан намуданд.

ДУШАНБЕ, 6 авг — Sputnik. Шоми рӯзи гузашта музокироти раҳбарони хадамоти марзбонии Тоҷикистону Қирғизистон ба анҷом расида, қарор аст, имрӯз, 6 август идома ёбанд, иттилоъ медиҳад Радиои Озодӣ.

Дар сӯҳбат бо ин расона сардори Раёсати иттиллооти Хадамоти давлатии марзбонии Қирғизистон Гулмира Борубоева гуфтааст, мавзӯи меҳварии сӯҳбатҳо марбут ба тадбирҳои ба эътидол овардани вазъ дар сарҳади муштарак буд ва ҷонибҳо чораҳои мӯътадилкунандаро дар маҳалли моҷаро қонеъкунанда арзёбӣ карданд.

"Қарор аст музокирот шашуми август идома кунад ва дар ин гуфтугӯҳо сухан аз роҳҳои бартарафсозии решаҳои ин низоъ хоҳад рафт",- афзудааст бону Борубоева.

Ба иттилоъи манбаъ, интизор меравад дар поёни нишаст ҷузъиёти бештар ба даст хоҳад омад ва дар музокирот танҳо моҷарои мушаххаси ду рӯзи гузашта баррасӣ мешавад.

Рӯзи чаҳоршанбеи гузашта, ҳайатҳои сарҳадбонии Тоҷикистону Қирғизистон ба манзури баррасии ихтилофи марзии сокинони рустоҳои Сомониён ва Кок-Тош дар Исфара ҷамъ шуда, дар маҳалли низоъ бо вазъ ошно гардида, харитаи мавзеи баҳсиро ташхис карданд ва аз манзилҳои тахрибшуда дидан намуданд. Ин ҳайат дар мулоқот бо сокинон ваъда кардаанд, ки вазъи ба амал омадаро баррасӣ карда ва аз натиҷаи музокирот онҳоро дар ҷараён хоҳанд гузошт. Ҷониби Тоҷикистонро дар ин музокирот Раҷабалӣ Пираков, муовини фармондеҳи Сарраёсати неруҳои марзбонӣ, Ҳотам Дадобоев, муовини сардори раёсати корҳои дохилии вилояти Суғд ва Даврон Зоҳидзода, раиси шаҳри Исфара намояндагӣ доранд.

Муноқишаи навбатӣ миёни сокинони рустоҳои ҳаммарз 3 август рух дод. Ба иттилоъи нерӯҳои марзбонии Қирғизистон атбоъи тоҷик ҷодда барои сокинони рустои Кок-Тоши Қирғизистон, ки ба самти қабристон мебарад, масдуд мекунанд. Ҷодда ба қабристон аз рустои Майское убур мекунад, ки дар он ҷо хонаводаҳои тоҷик ба сар мебаранд.

Дар посух ба ин амр атбоъи Қирғизистон интиқоли об тавассути ҷӯй ба рустои Чоркӯҳро масдуд карданд. Ин амр боъис шуд, ки ҳудуди 120 атбоъи тоҷик 80 нафар шаҳрвандони Қирғизистон дар пайи муноқиша ба ҳамдигар сангпартоӣ карданд.

Зимнан, рӯзи сешанбеи чоруми август Сарраёсати неруҳои марзбонии КДАМ изҳоротеро пахш кард, ки тафсилоти бештари моҷароро бозгӯӣ мекунад ва мавқеъи шаҳрвандони сокини манотиқи наздимарзиро рӯшан месозад.

Ҷузъиёти бештарро дар бораи низоъи навбатӣ дар марзи муштараки Қирғизистону Тоҷикистон ва бартарафсозии оқибатҳои он, инчунин талоши масъулин барои ҳалли мушкилро аз ин нишонӣ дарёфт карда метавонед>>

Мавзуҳо:
Дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон вазъ печида аст (6)
Барчаспҳо:
баҳси об, моҷаро дар Сомониёну Кок-Тош, идомаи музокирот дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон, марз, Хадамоти давлатии марзбонии Қирғизистон, неруҳои марзбонии Тоҷикистон, Гулмира Борубоева, Ҳотам Дадобоев, Раҷабалӣ Пираков, Даврон Зоҳидзода, Кок-Тош, Ботканд, Чоркӯҳ, Исфара, Қирғизистон, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ