05:29 18 июли 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.59
  • RUB0.15
Ҷангиёни Толибон дар роҳ ба сӯи Бағлони Афғонистон. Акс аз бойгонӣ

Дар Дарвози Афғонистон даргирӣ бо Толибон идома дорад

© AP / Amir Shar
Амният
Гирифтани линки кӯтоҳ
12 0 0

Дар иттилоъияи мақомоти амниятии Афғонистон дар бораи кушта шудани чаҳор фармондеҳи гурӯҳи “Толибон” дар вулусволии Кӯфоби Дарвоз дар вилояти Бадахшон, ки бо ноҳияи Дарвози Тоҷикистон ҳаммарз мебошад, хабар дода мешавад.

ДУШАНБЕ, 7 авг — Sputnik. Даргириҳо миёни ҷангиёни " Толибон" ва нерӯҳои давлатии Афғонистон дар вилояти Бадахшон то марзи Тоҷикистон расидааст ва ҳамакнун дар вулусволии Кӯфоби Дарвоз ҷанг идома дорад, менависад Радиои Озодӣ.

Бино ба иттилоъи мақомоти амниятии Афғонистон, чаҳор фармондеҳи гурӯҳи "Толибон" дар вулусволии Кӯфоби Дарвоз дар вилояти Бадахшон, ки бо ноҳияи Дарвози Тоҷикистон ҳаммарз мебошад, нобуд карда шудаанд.

"Дар як даргирӣ миёни нерӯҳои давлатӣ ва мухолифони мусаллаҳ дар вулусволии Кӯфоби ин минтақа  Мавлавӣ Абдурашид, Мавлавӣ Муҳаммадсафо, Мавлавӣ Мир Аҳмад ва Мавлавӣ Абдуллоҳ, ки афроди барҷастаи Толибон буданд, кушта шудаанд",- гуфт сухангӯи пулиси вилояти Бадахшон Лаълмуҳаммад Аҳмадзай.

Манбаъ меафзояд, дар ин даргирӣ нерӯҳои амниятӣ ва ғайринизомиён осеб надидаанд. Ба гуфтаи Аҳмадзай, дар ҳоли ҳозир генерал Бобоҷон, фармондеҳи пулиси Бадахшон барои раҳбарии амалиёт алайҳи "Толибон" аз Файзобод ба вулусволии Кӯфоби Бадахшон рафтааст.

Ҳамзамон, Озодӣ бо такя ба сухангӯи "Толибон" Забеҳуллоҳ Муҷоҳид навиштааст, ки дар ин даргирӣ 8 тан аз нерӯҳои давлатӣ кушта ва ду каси дигар захмӣ шудаанд.

Қайд мешавад, ки ин барои аввалин бор аст, ки "Толибон" дар Дарвози Афғонистон аз ҳузури худ хабар медиҳанд ва бо нерӯҳои давлатӣ вориди ҷанг мешаванд.

Барчаспҳо:
барои аввалин бор ҷанг дар Дарвоз, даргирӣ дар Кӯфоб, Толибон ба марзи ҶТ наздик шуданд, ҷанг дар Афғонистон, неруҳои амниятии Афғонистон, Толибон, қумандон Бобоҷон, Мавлавӣ Абдурашид, Лаълмуҳаммад Аҳмадзай, Забеҳулло Муҷоҳид (Zabihullah Mujahid), Кӯфоб, Дарвоз, Бадахшон, Афғонистон, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ