05:59 21 майи 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.54
  • RUB0.15
Дохили яке аз шаш мошини сӯхташудаи ҳайъати САҲА дар шаби якшанбе дар Донетск

Дар Донетск ҳафт мошини ҳайъати САҲА сӯзонида шуданд

© Sputnik / Ирина Геращенко
Амният
Гирифтани линки кӯтоҳ
7 0 0

Ниҳодҳои интизомии Ҷумҳурии худмухтори мардумии Донетск муҷримонеро ҷустуҷӯ мекунанд, ки мошинҳои ҳайъати назоратии САҲА дар ҷанубу шарқи Украинаро оташ задаанд. Ниҳодҳои давлатӣ баъйид намедонанд, ки ин амал тавтеъа мебошад.

ДУШАНБЕ, 10 авг — Sputnik. Чанд мошини зиреҳпӯши ҳайати САҲА дар Украина шаби якшанбе дар Донетск оташ зада шуданд, хабар медиҳад РИА Новости бо истинод ба маркази матбуъотии ВКД ҶМД.

"Дар пайи бозрасии маҳалли ҳодиса мушшахас карда шуд, ки ба далели аъмоли ғайриқонунии афроди ношинос аз оташсӯзӣ се мошини ҳайъати САҲА тахриб шудаанд. Тибқи яке аз фарзияҳо оташсӯзии мошинҳои САҲА дар Донетск ба ибтикори афроди тавтеъакори украингаро рух додааст, ки қасд доранд вазъият дар Донетскро муташанниҷ созанду эътибори ҶМД-ро пойин бубаранд", — зикр карданд дар ВКД кишвар.

Ҳамзамон дар ВКД баъйид намедонанд, ки ниҳодҳои вижаи украинӣ амдан аз гирдиҳамоиҳои ахир дар Донетск истифода кардаанд, ки ҳайъати нозирони САҲА-ро аз шаҳр "берун" созанд.

"Мақомоти низомиву сиёсии Украина ба чунин вазъият алоқаманд аст, зеро онҳо аз шароите бархурдор мешаванд, ки нерӯҳои худро дар масири тамос тақвият дода қаламрави ҶМД-ро тирборон кунанд", — зикр карданд дар вазоратхона. Ҳамчунин изофа шуд, ки маъмурон феълан ашхоси муҷрим дар оташсӯзии мошинҳои ҳайъати САҲА-ро мушаххас месозанд.

"Ҳайъати нозирон зикр кардааст, ки се мошин комилан тахриб шуда як мошин шадидан тахриб шудааст ва се мошин қисман аз оташсӯзӣ осеб дидаанд", — омадааст дар баёнияи ҳайъат, ки рӯзи якшанбе мунташир шуд. Зикр мешавад, ки нозирони САҲА осеб надидаанду мошинҳои дигари ҳайъат тахриб нашудаанд.

Муъовини раҳбари ҳайъати вижаи бозрасон Александр Хуг қаблан ба РИА Новости изҳор дошта буд, ки ин созмон қасд надорад баъд аз қазияи оташсӯзии мошинҳо кормандони худро аз Донетск ихроҷ кунад, вале ин ниҳод масоили амниятиро бознигарӣ хоҳад кард. Мақомоти ҶМД низ аз тақвият додани мизони ҳифозати ҳайъат хабар доданд.

Мавзуъ

Хабарнигори шабакаи телевизонии Русия дар вилояти Донетск мунфаҷир шуд
Дар фурудгоҳи Донетск 30 ҷасади низомиёни Украина ошкор шуд
Донетск алайҳи Украина ба иттиҳоми оғози ҷанг парвандаи ҷиноӣ боз кард
Раҳбари Донетск шароити даъвати умумии низомиро тавзеъ дод
Шӯрои амнияти СММ: муттаҳамони фочиъаи Донетск бояд муҷозот шаванд
Харобӣ дар Донетск – мавҷи тозаи гулулаборон
Ҳамлаи мусаллаҳона алайҳи нозирони САҲА дар Донетск
Барчаспҳо:
оташсӯзии мошинҳои ҳайъати бозрасии САҲА, САҲА, Александр Хуг, Донестк, Украина

Мавзӯъҳои асосӣ