05:28 21 майи 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.54
  • RUB0.15
Муҷассамаи ёдбуди баҳрнавардони фавтида. Акс аз бойгонӣ

Мумкин аст то соли 2030 иттилоъи суқути киштии “Курск” ифшо шавад

© Sputnik / Алексей Куденко
Амният
Гирифтани линки кӯтоҳ
3 0 0

Киштии зериобии ҳастаии “Курск”, ки моли баҳрнавардии Шимолии Русия буд, 12 августи соли 2000 ҳангоми тамрин дар баҳри Барентсово суқут кард. Тибқи қавонини ФР иттилоъоти марбут ба суқути киштии зериобӣ имкон дорад баъд аз гузашти 30 сол ифшо шаванд.

ДУШАНБЕ, 12 авг — Sputnik. Асноди суқути киштии ҳастаии зериобии К-141 "Курск" барои 30 сол махфӣ шудаанд ва ин аснодро қабл аз ин мӯҳлат бо қарори ҳукумат ифшо кардан мумкин аст, хабар медиҳад РИА Новости бо истинод ба мудири Бойгонии марказии вазорати дифоъи ФР Игор Пермяков.

"Феълан 15 сол сипарӣ шудааст. Муқаррароти қавонин ҳаст ва мо тибқи он амал мекунем, вале агар тасмими ҳукуматие содир шавад, эҳтимол дорад кумиссиюне таъсис дода шавад. Аммо тибқи муқаррароти қавонин баъд аз гузаштани 30 сол бояд аснодро ба манзурӣ ошкорсозӣ ва ё дубора махфӣ нигаҳ доштанд бояд баррасӣ кард", — гуфт Пермяков дар ҳамоише дар ХБИ "Россия сегодня".

Киштии зериобии ҳастаии "Курск", ки моли баҳрнавардии Шимолии Русия буд, 12 августи соли 2000 ҳангоми тамрин дар баҳри Барентсово суқут кард.

Тибқи иттилоъи расмӣ ин қазия ба далели инфиҷори як мушаки баҳрӣ дар қисмати №4, ки ба мунфаҷир шудани мушакҳои дигар мунҷар шуд, рух додааст. Ба эътиқоди бозрасон, инфиҷори аввал ба далели пайдо шудани рахначаҳои кӯчак ва берун шудани омезиши водород ва дар пайи "ҳолатҳои изтирорӣ" рух додааст. Дар пайи берун омадани омезиши водород нахуст инфиҷори қисмати №4 ва сипас қисмати №2 сурат гирифтаанд.

Инфиҷори дуввум баъд аз ду дақиқаи инфиҷори аввалӣ рух дод ва қисмати пеши киштии "Курск"-ро комилан тахриб кард. Дар ин киштӣ 118 нафар баҳрнавардон қарор доштанд ва ҳеҷ яке аз онҳо натавонистӣ ҷон ба саломат бубарад.

Мавзуъ

Шояд Air Asia дар қаъри баҳр аст
Фоҷиа дар баҳри Охота- киштӣ ғарқ шуд, 54 кас ҳалок гардид
Барчаспҳо:
эҳтимоли ифшо шудани асноди марбут ба суқути киштии зериобии "Курск", Бойгонии марказии вазорати дифоъи ФР, Игор Пермяков, Русия

Мавзӯъҳои асосӣ