19:10 14 ноябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.70
  • EUR10.66
  • RUB0.15
Васоили ҷангии тахрибшудаи артиши Украина. Акс аз бойгонӣ

Лавров: вазъ дар Донбасс бозгӯйи омодагиҳо ба ҷангҳост

© Sputnik / Михаил Воскресенский
Амният
Гирифтани линки кӯтоҳ
7 0 0

Раҳбари вазорати умури хориҷии Русия изҳор дошт, ки дар Донбасс вазъияте эҷод шудааст, ки ҳамакнун на дар бораи “масири тамос”, балкӣ дар бораи “ҷабҳа” бояд сухан гуфт.

ДУШАНБЕ, 17 авг — Sputnik. Русия аз вазъи ташаннуҷ дар Донбасс, ки омодагӣ ба амалиёти низомиро ёдовар мешавад, нигарон мебошад, изҳор дошт раҳбари ВКХ ФР Сергей Лавров.

"Вазъият дар ҷабҳаҳо нигаронкунанда аст ва ҳамакнун метавон мутаъассифона на дар бораи масири тамос, балкӣ дар бораи ҷабҳа сухан кард", — изҳор дошт Лавров дар нишасти хабарӣ дар пайи музокирот бо ҳамтои эронии худ Муҳаммад Ҷавод Зариф.

Вазир ёдовар шуд, ки ҷонибҳо аз муддатҳо қабл барои имзои тавофуқоти канор бурдани таслиҳоти камтар аз 100 миллиметр, ғайринизомӣ кардани Широкино, ки метавонистанд ба коҳиши ташаннуҷ мусоъидат кунанд, вале ин амр ба далели мавзеъгирии Киев сурат нагирифт.

"Мо аз ташаннуҷи увзоъ дар чанд рӯзи ахир нигаронем ва ин вазъ бозгӯйи омодагиҳо ба амалиёти ҷангии навбатӣ аст", — гуфт Лавров.

Мавзуъ

Ташаннуҷи авзоъ дар Донбасс
Барчаспҳо:
изҳори назар, ВКХ Русия, Муҳаммад Ҷавод Зариф, Сергей Лавров, Донбасс, Русия

Мавзӯъҳои асосӣ