09:50 23 январи 2020
Пахши мустақим
  • USD9.70
  • EUR10.75
  • RUB0.16
Амният
Гирифтани линки кӯтоҳ
7 0 0

Аснои нишаст масоили вобаста ба раёсати Тоҷикистон дар Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ, омодагӣ ба ҳамоиши навбатии сарони давлатҳои аъзои ин ташкилот, ки моҳи сентябри соли равон дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад ва дигар мавзӯъҳои мавриди таваҷҷуҳ баррасӣ шуданд.

ДУШАНБЕ, 19 авг — Sputnik. Баъд аз зӯҳри рӯзи сешанбе райисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо дабири кулли Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ Николай Бордюжа, ки бо як сафари корӣ дар Душанбе қарор дорад,  дар бораи кӯмакҳои фаврии ин созмон барои пурзӯр кардани посбонии марзи Тоҷикистон бо Афғонистон гуфтӯгу кард, менависад сомонаи президент.

Ба иттилоъи манбаъ, дар ҷараёни мулоқот масъалаи омодагӣ ба ҳамоиши навбатии сарони кишварҳои узв, ки моҳи сентябр дар Душанбе баргузор мешавад, баррасӣ гардид.

Ҳамчунин, гуфтугӯи судманд доир ба рафти иҷрои қарори сарони давлатҳои аъзои Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ аз 23 сентябри соли 2013 доир ба расондани кӯмаки фаврӣ ба Тоҷикистон барои пурзӯр намудани ҳифзи сарҳади давлатӣ бо Афғонистон сурат гирифт. Бар асоси ин қарор, бояд кишварҳои узв ба Тоҷикистон кӯмак мекарданд ва дар марҳилаи аввал ба Тоҷикистон силоҳу муҳимоти ҷангӣ медоданд.

Дар марҳалаи дуввум, бозсозии зербунёдҳои марзи Тоҷикистон бо Афғонистон ва бахусус бунёди дидбонгоҳҳои нав, насби системаҳои муосири ҳушдор ва коркарди иттилоот дар назар буд.

Дар мулоқоти Раҳмон ва Бордюжа дар бораи авзои кунунӣ ва ояндаи Афғонистон ва дигар минтақаҳои доғи ҷаҳон, тақвияти муборизаи муштарак бо густариши терроризму ифротгароӣ ва дигар таҳдиду хатарҳои минтақавию ҷаҳонӣ табодули назар кардаанд.

Маврид ба ёдоварист, ки Тоҷикистон дар миёни кишварҳои узви Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ 1400 километр марзи муштарак бо Афғонистон дорад ва аз ин созмон хостааст, ки бар асоси аҳдҳои қаблӣ дар ҳифзи ин марзи ноором кӯмак расонад. дар посбонии ин марзи ноором кӯмак кунад.

Барчаспҳо:
вазъ дар Афғонистон, амнияти сарҳадот, баррасаии масоили марз, марз, президенти ҶТ, Дабири кулли СПАД, Николай Бордюжа, Эмомалӣ Раҳмон, Афғонистон, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ