10:25 08 апрели 2020
Пахши мустақим
  • USD10.23
  • EUR11.16
  • RUB0.14
Амният
Гирифтани линки кӯтоҳ
19 0 0

Дар поёни маросими ҷамъбасти машқҳои ҳарбӣ аз ҷониби вазири мудофиаи кишвар Шералӣ Мирзо ба чанд нафар пешқадамону фаъолон рутбаҳои навбатии ҳарбӣ, сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим гашт.

ДУШАНБЕ, 21 авг — Sputnik. Маҷмӯи машқҳои муштараки амалиётӣ-тактикии зиддитеррористӣ бо тирпаронии ҷангӣ, ки 17 август бо ҷалби сохтору мақомоти давлативу қудратии гарнизони Суғд шурӯъ гардид, 20 август ба поён расид, хабар медиҳад хабаргузории Озодагон.

Хабаргузорӣ менависад, машқҳо дар машқгоҳҳои низомии "Чоруқдарон" барпо шудааст. Дар расми ҷамъбасти ин машқҳо раиси вилояти Суғд, сардори минтақаи мудофиаи ҳудудии №3 — Абдураҳмон Қодирӣ ва вазири мудофиаи кишвар — Шералӣ Мирзо иштирок кардаанд.

"Ҳадаф аз баргузории машқҳо сайқал додани таҷрибаи ҳайати шахсии сохторҳои гарнизони Суғд, ҳамоҳанг сохтани фаъолияти сохторҳои низомии мамлакат дар сурати сар задани хатарҳои эҳтимолӣ, санҷиши дастаҳои амалиётӣ-тактикӣ, баланд бардоштани рўҳияи ҷангӣ, сафарбарии қўшунҳо дар самти доир кардани амалҳои ҷангии зиддитеррористӣ дар шароити дашту саҳро ва куҳистон мебошад", — гуфтааст хадамоти матбуотии раиси вилояти Суғд.

Ба иттилои манбаъ, дар машқҳои муштарак ҷузъу томҳои сохторҳои қудратии горнизони Суғд, яроқу аслиҳаи мухталифи оташфишон, авиатсияи ҷангӣ ва зиёда аз 200 адад техникаҳои зиреҳпўши ҳарбию артиллерӣ ва автомобилӣ истифода гардидааст.

Эмомалӣ Раҳмон зимни ифтитоҳи машқгоҳи ҳарбӣ дар дараи Ромит
© Официальная страница пресс-службы президента РТ в Facebook.

Манбаъ афзуд, дар поёни маросими ҷамъбасти машқҳои ҳарбӣ аз ҷониби вазири мудофиаи кишвар Шералӣ Мирзо ба чанд нафар пешқадамону фаъолон рутбаҳои навбатии ҳарбӣ, сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим гашт.

"Аз ҷумла, ба раиси вилояти Суғд, сардори минтақаи мудофиаи ҳудудии №3 Абдураҳмон Қодирӣ нишони ҷашнии 20-солагии мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон тақдим карда шуд", — афзудааст хадамоти матбуот.

Ёдрас мекунем, ки ин чорабинӣ бо ҷалби 30 ҳазор нафар дар 3 марҳила ва дар машқгоҳҳои низомии "Чоруқдарон" ва "Нурафшон" ба таври назариявӣ ва амалӣ ҷараён гирифта, аз захираи эҳтиётии даъватшавандаҳои ҳар ноҳия, шаҳрвандони дар қайди комиссариатҳои ҳарбибуда, техника ва лавозимоти барои баргузории маҷмўи машқҳои амалиётӣ-тактикӣ зарурӣ истифода гардид ва баргузории машқҳову мавзўъҳои омўзишӣ зери назорати қатъии Шералӣ Мирзо — вазири мудофиаи кишвар, сурат гирифтааст.

Барчаспҳо:
зиддитерористӣ, анҷом, машқҳои муштараки ҳарбӣ, Вазорати мудофиа, Шералӣ Мирзо, Суғд

Мавзӯъҳои асосӣ