13:43 22 ноябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.75
  • RUB0.15
Тамриноти СПАД. Акс аз бойгонӣ

СПАД тариқи ҳавопаймоҳо неруҳои низомиро интиқол дода метавонад

© Sputnik / Павел Лисицын
Амният
Гирифтани линки кӯтоҳ
711

Барои ҳалли муноқишаҳои низомӣ дар нуқтаҳои доғ дар чорчӯби СПАД ин сохтор тасмим дорад, гурӯҳи зудамали авиатсионии интиқоли низомиёнро таъсис диҳад.

ДУШАНБЕ, 24 авг — Sputnik. Неруҳои муштараки ҳавоии СПАД дар наздиктарин фурсат созмон меёбанд, ҳоло баҳсу баррасии пешниҳодот идома дорад, иттилоъ медиҳад РИА Новости бо истинод ба муовини Дабири созмони мазкур Валерий Семериков.

"Мо пешниҳодотро ҷиҳати таъсис неруҳои муштараки ҳавоӣ барои интиқоли низомиён ба мавзеъҳои даргирӣ ҳаллу фасл карда, онро ба СПАД ироа доштем",- иброз дошт рӯзи якшанбе вай аснои сӯҳбат бо хабарнигорон.

Ба қавли ӯ, неруҳои муштараки ҳавоӣ барои он зарур аст, ки ҳар чӣ зудтар ба нуқтаи доғ гурӯҳҳои зудамал интиқол ёбанд.

Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамӣ 15 майи соли 1992 дар асоси тавофуқоти кишварҳои узви ИДМ таъсис ёфта, баъди хориҷ шудани Ӯзбакистон аз СПАД Тоҷикистон, Русия, Белорус, Арманистон, Қазоқистон ва Қирғизистон шомили он мебошанд.   

Мавзуъ

Бордюжа: президентҳо санҷиши сареъи неруҳои СПАД-ро баррасӣ мекунанд
Дар Душанбе натоиҷи тамриноти низомии СПАД баррасӣ мешаванд
Барчаспҳо:
неруҳои дастаҷамъӣ, неруҳои ҳавоии низомӣ, Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ, СПАД, Валерий Семериков, Арманистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Беларус, Русия, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ