06:07 03 апрели 2020
Пахши мустақим
  • USD10.22
  • EUR11.09
  • RUB0.13
Амният
Гирифтани линки кӯтоҳ
11 0 0

Ба гуфтаи муовини дабири кулли СПАД тасмими баргузории тамриноти “Ҳамгиройӣ-2015” ҳанӯз соли 2014 аз сӯйи вазирони дифоъ ва дабирони шӯрои амнияти кишварҳои узви созмон тасвиб шуда буд ва ба ин далел посух ба тамриноти НАТО нест.

ДУШАНБЕ, 24 авг — Sputnik. Тамриноти Нерӯҳои муштараки вокуниши сареъи СПАД "Ҳамгиройӣ-2015" посух ба тамриноти НАТО нест, хабар дод муовини дабири кулли СПАД генерал-полковник Валерий Семериков.

"Намехоҳам чунин бардошт шавад, ки тамриноти мо ба унвони муқобала бо амалиёти НАТО, ки дар кишварҳои ғарбӣ анҷом медиҳад, арзёбӣ шавад. Тамриноти мо тибқи нақша аст ва баргузории онро вазирони дифоъ ва дабирони шӯроҳои амнияти кишварҳо тасвиб кардаанд", —

гуфт ба хабарнигорон Семериков.

Вай ҳамчунин зикр кард, ки барои СПАД наҳваи баргузории тамрини НАТО ҷолиб мебошад. Ба эътиқоди вай, Иттиҳоди Атлантикаи шимолӣ ҳамчунин амалиёти ширкаткунандагони СПАД-ро назорат мекунад.

Тамриноти "Ҳамгиройӣ-2015" дар тамрингоҳи нерӯҳои чатрбози Русия — Струги Красние ва фурудгоҳи низомии Крести дар вилояти Псков аз 22 то 28 август сурат мегиранд. Ба ин тамринот ҷузъу томҳои нерӯҳои мусаллаҳи Русия, Арманистон, Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон ҷалб мешаванд.

Фармондеҳии тамринотро фармондеҳи нерӯҳои чатрбозу ҳавоии Русия генерал-сарҳанг Владимир Шаманов ва фармондеҳии мустақимро дар ҷараёни амалиёти воқеъӣ муъовини фармондеҳи нерӯҳои чатрбозу ҳавоӣ дар умури амалиёти башардӯстона генерал майор Александр Вязников анҷом медиҳанд.

Зикр мешавад, ки дар марҳилаи ниҳоии тамринот дабири кулли СПАД Николай Бордюжа ширкат хоҳад кард.

Тамриноти муштараки зери унвони "Ҳамгиройӣ-2015" бо ҷузъу томҳои вокуниши вижа, ки шомили Нерӯҳои вокуниши сареъи СПАД мебошанд аз соли 2009 бад ин сӯ ҳамасола баргузор мешаванд. Ин тамринот дар қаламрави яке аз кишварҳои узви ин созмон баргузор мешаванд.

Нахустин чунин тамринот дар Қазоқистон сурат гирифтанд ва дар Русия ин тамринот соли 2010 дар яке аз тамрингоҳҳои Урали Ҷанубӣ доир шуданд. Дар моҳи майи соли 2015 дар қаламрави Тоҷикистон амалиёти бозрасии ногаҳонии Нерӯҳои вокуниши сареъи СПАД сурат гирифтанд.

Мавзуъ

Бордюжа: президентҳо санҷиши сареъи неруҳои СПАД-ро баррасӣ мекунанд
Дабири кулли СПАД барои кӯмак ба ҳимоят аз марзҳои Тоҷикистон меояд
Нишасти навбатии ША СПАД дар Душанбе баргузор мегардад
Сарвари МТС: аз хатари "ДИ" моро СПАД ҳимоят менамояд
Бордюжа: СПАД ба ҳар гуна таҳдидҳо посухи муносиб дар ихтиёр дорад
Антонов дар бораи ҳамкории СПАД: мо ба касе таҳдид накардаем
Дар Душанбе натоиҷи тамриноти низомии СПАД баррасӣ мешаванд
Вазирони дифоъи кишварҳои узви СПАД ба Душанбе меоянд
Расонаҳо: санҷиши ногаҳонии нерӯҳои СПАД анҷом шуд
ВАО: СПАД дар Тоҷикистон омодагии неруҳояшро месанҷад
Барчаспҳо:
изҳори назар, СПАД, Валерий Семериков, Русия

Мавзӯъҳои асосӣ