07:41 23 июли 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.59
  • RUB0.15
Бинои АНМН ҶТ, Акс аз бойгонӣ

АНМН: барои мақомоти вижаи Афғонистон давраи омӯзишӣ ташкил шуд

© Sputnik Амир Исаев
Амният
Гирифтани линки кӯтоҳ
7 0 0

Дар гузашта низ теъдоде аз кормандони пулиси марзбон, гумрук ва вазорати мухаддироти Афғонистон давраҳои омӯзиширо дар Тоҷикистон гузарондаанд, ки барои баланд шудани савияи донишу малакаи кории онҳо дар мубориза алайҳи қочоқи маводи мухаддир кӯмак хоҳад кард.

ДУШАНБЕ, 2 сен — Sputnik. 25 корманди пулиси марзбон ва гумруки Афғонистон дар Агентии назорат бар маводи мухаддири Тоҷикистон давраи омӯзиширо пушти сар карданд, омадасст дар хабари сомонаи АНМН.

Ин давраи омӯзишӣ дар доираи тарҳи "Шабакаҳои итттилоотӣ қад — қади масири ҳероин" баргузор шудааст, ки аз сӯи Иттиҳоди Аврупо маблағгузорӣ мешавад.

Ба иттилоъи манбаъ, ҳадафи аслии ин давраи омӯзишӣ "баланд бардоштани савияи дониши кормандони пулиси сарҳадот ва гумруки Афғонистон" унвон мешавад. Дар гузашта низ теъдоде аз кормандони пулиси марзбон, гумрук ва вазорати мухаддироти Афғонистон давраҳои омӯзиширо дар Тоҷикистон гузарондаанд, ки барои баланд шудани савияи донишу малакаи кории онҳо дар мубориза алайҳи қочоқи маводи мухаддир кумак хоҳад кард.

Агентии мубориза бо маводи мухаддири Тоҷикистон мегӯяд, дар шаш моҳи аввали соли ҷорӣ 12 амалиёти муштаракро бо сохторҳои ҳифзи ҳуқуқи Афғонистон баргузор ва дар натиҷа беш аз 500 кило маводи мухаддирро кашфу мусодира кардааст. Ҳамчунин дар паи ин амалиёт як коргоҳ ё лабароторияи тавлиди ҳероин дар музофоти Бадахшони Афғонистон нобуд карда шудааст.

Маврид ба тазаккур аст, ки Афғонистон макони кишту парвариш ва қочоқи маводи мухаддир дар минтақа дониста мешавад. Тоҷикистон бо давлати исломӣ беш аз 1300 километр марзи муштарак доранд.  

Барчаспҳо:
давраи таълиму тамрин, бозомӯзии мақомоти афғон дар Душанбе, маводи мухаддир, марзи муштарак, Вазорати дифоъи Афғонистон, АНМН, Афғонистон, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ