07:16 23 январи 2021
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.74
  • RUB0.15
Амният
Гирифтани линки кӯтоҳ
26 0 0

Тӯли 20 соли фаъолият хизматҳои шоистаи 231 нафар аз ҳайати Горди миллӣ қадрдонӣ гардида, онҳо бо мукофотҳои давлатӣ, аз ҷумла ордену медалҳо қадрдонӣ шудааст.

ДУШАНБЕ, 4 сен — Sputnik. Имрӯз аз таъсисёбии Горди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон 20 сол сипарӣ мегардад, менависад АМИТ Ховар.

Пас аз баргузории Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии  Тоҷикистон дар назди Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ бригадаи таъйиноти махсус таъсис дода шуд, ки он моҳи январи соли 1995 ба Горди президентӣ табдил гардид.

Дар соли 2004 баъди ворид намудани тағйирот дар сохтори ин ниҳоди низомӣ, Горди президентӣ ба Горди миллӣ табдил ёфт. Нақши ҷузъу томҳои ин сохтори ҳарбӣ дар таъмини амният, таҳкими истиқлолият ва ҳифзу мудофиаи иншооти муҳими давлатӣ хеле бузург аст.

Манбаъ меафзояд, ин воҳиди махсуси ҳарбӣ аз оғози таъсисёбиаш то ба ҳол роҳи душвору пуршарафро тай намуда, ба сохтори муташаккил ва муназзам мубаддал гардид. Маънои калимиа гвардияи миллӣ, ки  воҳиди махсуси низомӣ эътироф мешавад, аз истилоҳи қадимаи тоҷикии «гурд» сарчашма мегирад. Дар фарҳангҳои тафсирии тоҷикӣ мафҳуми «гурд» шуҷоъ, баҳодур, паҳлавону ғаюр, ифода гардида, хислатҳои ҷавонмардию содиқ будан ба ватанро таҷассум менамояд.

Тӯли 20 соли фаъолият хизматҳои шоистаи 231 нафар аз ҳайати Горди миллӣ қадрдонӣ гардида, онҳо бо мукофотҳои давлатӣ, аз ҷумла ордену медалҳо қадрдонӣ шудааст.    

Барчаспҳо:
20-солагии таъсиси Горди миллӣ, Горди миллӣ, Горди президентӣ, Хуҷанд, Душанбе, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ