ВКД: ҳалокати боз 4 узви гуруҳи Ҳоҷӣ Ҳалим ва боздошти 7 тани дигар

© SputnikАкси Абдуҳалим Назарзода дар сомонаи Вазорати дифоъи Тоҷикистон. Расм аз экрани роёна
Акси Абдуҳалим Назарзода дар сомонаи Вазорати дифоъи Тоҷикистон. Расм аз экрани роёна - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар пайи амалиёти ниҳодҳои қудратии кишвар дар дараи Ромит чор узви дигари гурӯҳи Ҳоҷӣ Ҳалим ба ҳалокат расида, 7 нафари дигар боздошт шудаанд. Амалиёти вижаи мақомот дар дара дараи Ромит идома дорад.

ДУШАНБЕ, 7 сен — Sputnik. Баъд аз зуҳри дирӯз, яъне 6 сентябр  дар ҷараёни амалиёти мақомоти қудратии кишвар дар дараи Ромит чор узви гуруҳи Абдуҳалим Назарзода (Ҳоҷӣ Ҳалим) кушта шуда, ҳафт тани дигар боздошт шудаанд, менависад сомонаи Вазорати умури дохила.

"Аз ин афродҳамчунин  миқдори зиёди яроқу аслиҳа, аз ҷумла 18 автомати "АКМ", 50 тирдон ва теъдиди зиёди тир дарёфт ва мусодира карда шуд",- меафзояд манбаъ.

Ба ин тартиб, ба иттилои расмии мақомот дар маҷмуъ 17 тан аз ҳамроҳони Абдуҳалим Назарзода кушта ва 40 нафари онҳо боздошт гардидаанд.

Мошини нозирони БДА ҶТ. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Расонаҳо: дар пайи ҳамлаҳо ҳашт корманди милиса қурбон шудаанд

Мақомоти умури дохилӣ мегӯянд, ки амалиёти якҷояи сохторҳои қудратии кишвар дар дараи Ромити шаҳри Ваҳдат барои боздошту безарар кардани аъзои гурӯҳи собиқ муовини вазири мудофиа генерал Абдуҳалим Назарзода идома дорад. Қаблан мақомот гуфта буданд, ки Назарзода ҳамроҳи 6-7 тан аз ҳамроҳонаш ба дараи Ромит фирор кардааст ва маҳалли будубоши ӯ дар иҳота аст.

Маврид ба ёдоварист, рӯзи чоруми сентябр генерал Абдуҳалим Назарзода, маъруф бо Ҳоҷӣ Ҳалим, ки дар вазифаи муовини вазири мудофиа кор мекард, аз мансабаш барканор шуд. Бино ба иттилои дафтари матбуоти президент, Абдуҳалим Назарзода бинобар сабаби содир намудани ҷиноят аз вазифа озод карда шудааст. Мақомот ӯро дар ҳамлаҳои мусаллаҳона дар маҳаллаи мавсум ба "Гардиши фурудгоҳи Душанбе" ва ШКД-и ноҳияи Ваҳдат муқассир медонанд. Дар натиҷаи ин, 8 корманди мақомоти дохилӣ, ки аз онҳо 4 — нафар кормандони Дастаи таъиноти махсуси милитсияи ВКД (ОМОН) ва 4 нафар кормандони Шӯъбаи ВКД дар шаҳри Ваҳдат мебошанд, ба ҳалокат расиданд.  

Лентаи хабарҳо
0