09:26 23 августи 2019
Пахши мустақим
  • USD9.68
  • EUR10.73
  • RUB0.15
Акси Абдуҳалим Назарзода дар сомонаи Вазорати мудофиаи Тоҷикистон. Акс аз экрани роёна

Ифтитоҳи парвандаи “хиёнат” алайҳи Назарзода ва Умаров

© Sputnik
Амният
Гирифтани линки кӯтоҳ
Балвои генерал: аз Душанбе то Ромит (22)
28 0 0

Ҳоло ҳам масъулини мақомоти интизомии Тоҷикистон мегӯянд, ки Умаров низ дар ташкили ҳодисаҳои 4 сентябр дар баробари генерал Абдуҳалим Назарзода даст доштааст.

ДУШАНБЕ, 8 сен —Sputnik. Додситонии кулли Тоҷикистон дар қиболи генерал Абдуҳалим Назарзода ва полковник Ҷунайдулло Умаров дар асоси 4 моддаи Кодекси ҷиноӣ, аз ҷумла "хиёнат ба давлат" парванда боз кардааст, зимни суҳбати телефонӣ ба Sputnik иттилоъ дод сухангӯи ВКД Ҷалолиддин Садриддинов.

Шабакаи аввали ТВТ дар як гузориши телевизионӣ хабар дод, ки алайҳи генерал Абдуҳалим Назарзода (Ҳоҷӣ Ҳалим), муовини барканоршудаи вазири дифоъ ва полковник Ҷунайдулоҳ Умаров барои ташкили гурӯҳи террористӣ ва хиёнат бо моддаҳои 305 ("Хиёнат ба давлат"), 307 ("Ташкили иттиҳоди эктсремистӣ"), 309 ("Тахрибкорӣ") ва 179 ("Терроризм") — и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон парванда боз шудааст".

Ҷунайдулло Умаров, полковники Вазорати дифоъ низ бо Абдуҳалим Назарзода дар ташкили ҳамлаи рӯзи 4 сентябр даст дошта, ҳоло ҳамроҳи ӯ ба дараи Ромит фирор кардааст.

Исми ин полковники Вазорати дифоъ субҳи чаҳоруми сентябр баъд аз чанд лаҳзаи ҳамлаҳои мусаллаҳона дар Душанбе ва Ваҳдат ба расонаҳо роҳ ёфт ва яке аз ҳамлаварон муаррифӣ шуд. Ҳоло ҳам масъулини мақомоти интизомии Тоҷикистон мегӯянд, ки Умаров низ дар ташкили ҳодисаҳои 4 сентябр дар баробари генерал Абдуҳалим Назарзода даст доштааст. 

Мавзуҳо:
Балвои генерал: аз Душанбе то Ромит (22)
Барчаспҳо:
қазияи ҳамла ба ШВКД, тахрибкорӣ, терроризм, хиёнат ба давлат, парвандаи ҷиноӣ алайҳи генерал, Додситонии кулли Тоҷикистон, ВКД ҶТ, Ҷунайдулло Умаров, Ҳоҷӣ Ҳалим, Абдуҳалим Назарзода, Ромит, Душанбе, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ