11:50 16 сентябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.70
  • RUB0.15
Бинои ВКД ҶТ. Акс аз бойгонӣ

ВКД: аҳолӣ 18 ҷонибдори генерал Назарзодаро дастгир кардааст

© Sputnik
Амният
Гирифтани линки кӯтоҳ
Балвои генерал: аз Душанбе то Ромит (22)
6 0 0

Аз оғози амалиёти нерӯҳои ҳукумати алайҳи ин гурӯҳ, бо кӯмаки мардум 134 яроқу аслиҳа ва лавозимоти гуногуни ҷангӣ аз ин гурӯҳ дарёфт ва мусодира карда шудааст.

ДУШАНБЕ, 11 сен — Sputnik.Аз оғози амалиёти нерӯҳои интизомӣ алайҳи гурӯҳи Абдуҳалим Назарзода, маъруф ба "Ҳоҷӣ Ҳалим", 18 нафар аз аъзои ин гурӯҳ аз сӯи мардум боздошт шуда ва ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар супурда шуданд, иттилоъ медиҳад сомонаи ВКД ҶТ.

"Тайи ин муддат бо дастгирии сокинон 7 нафар аз аъзоёни ин гурӯҳ ихтиёран худро ба мақомот таслим кардаанд",- омадааст дар баёнияи вазорат.

Дар ин иттилоияи ВКД, ки рӯзи 11 сентябр нашр шуд, навишта шудааст, ки аз оғози амалиёти нерӯҳои ҳукумати алайҳи ин гурӯҳ, бо кӯмаки мардум 134 яроқу аслиҳа ва лавозимоти гуногуни ҷангӣ аз ин гурӯҳ дарёфт ва мусодира карда шудааст. ​Вазорати умури дохилии Тоҷикистон ҳамзамон гуфтааст, афроде, ки дар боздошти афроди гурӯҳи Абдуҳалим Назарзода бо мақомот ҳамкорӣ менамоянд, қадрдонӣ карда мешаванд.

Афроде, ки барои дастгир намудани аъзоёни гурӯҳ ёрӣ мерасонанд менамоянд ё яроқу аслиҳаи онҳоро дарёфт намуда хабар медиҳанд ё оварда ихтиёран месупоранд, тибқи қонун аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод буда, мукофотонида мешаванд.

Ба иттилоъи мақомоти интизомии Тоҷикистон, субҳи 4 сентябр  гурӯҳи мусаллаҳе ба Шӯъбаи умури дохилаи шаҳри Ваҳдат ва дастгоҳи марказии вазорати дифоъ дар шаҳри Душанбе ҳамла карда, 9 корманди милисаро ба қатл расонд. Баъди ин, афроди силоҳбадаст ба самти дараи Ромит фирор карданд.

Пас аз зӯҳри ҳамон рӯз (4 сентябр- шарҳи идора) мақомот дар ин ҳамлаҳо генерал, муовини вазири дифоъ Абдуҳалим Назарзодаро муттаҳам карданд, ки, ба гуфтаи онҳо, ҳамлаҳои террористӣ анҷом додааст. Худи ҳамон рӯз бо як амри ҳукумати Тоҷикистон, Назарзода аз вазифаи муовини вазир барканор шуд ва ҳоло амалиёти ҷустуҷӯи ӯ идома дорад. Мақомот мегӯянд, Назарзода ва тарафдоронаш дар кӯҳҳои дараи Ромит панаҳ бурдаанд. Аз худи генерали фирорӣ то ҳоло ҳеҷ хабаре нест.

То имрӯз 73 ҷонибдори генерали фирорӣ боздошт гардида, 20 тани дигар кушта шудаанд.

Кулли матолиби марбути мавзӯъро аз ин ҷо дастрас карда метавонед>>

Мавзуҳо:
Балвои генерал: аз Душанбе то Ромит (22)
Барчаспҳо:
амалиёти мақомот дар дараи Ромит, дастгиркунӣ, мардум худашон ҷонибдорони генералро ба мақомот супориданд, боздошти ҷонибдорони Назарзода, КДАМ, ВКД ҶТ, Вазорати дифоъ, Ҷунайдулло Умаров, Абдуҳалим Назарзода, Ҳоҷӣ Ҳалим, Душанбе, Ваҳдат, Ромит, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ