04:08 22 июли 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.60
  • RUB0.15
Ҳелга Шмидт. Акс аз бойгонӣ

Иттиҳоди Аврупо ҳамлаҳои 4 сентябр дар Тоҷикистонро маҳкум кард

© AP / Brendan Smialowski, Pool
Амният
Гирифтани линки кӯтоҳ
Балвои генерал: аз Душанбе то Ромит (22)
12 0 0

Муовини Дабири кулли Хадамоти амалиёти хориҷии Иттиҳоди Аврупо хонум Ҳелга Шмидт дар суҳбати телефонӣ бо Сироҷиддин Аслов, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон ҳамлаҳои хунини 4 сентябр дар кишварро маҳкум карда, ҳимояти ҷониби иттиҳод аз амалиёти ҳукуматро эълон кардааст.

ДУШАНБЕ, 11 сен — Sputnik. Суҳбати телефонии муовини Дабири кулли Хадамоти амалиёти хориҷии Иттиҳоди Аврупо хонум Ҳелга Шмидт бо Сироҷиддин Аслов, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон 10 сентябри соли равон бо ташаббуси ҷониби Иттиҳоди Аврупо сурат гирифтааст, менависад дафтари матбуоти ВКХ.

"Дар рафти суҳбат бону Шмидт ҳамлаи мусаллаҳонаи 4 сентябрро ба кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби гурӯҳи ҷинояткорон, ки боиси ҳалокати кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ гардид, маҳкум кард",- омадааст дар иттилоияи ин ниҳод.

Ӯ дар робита ба ҳамлаҳои мусаллаҳона алайҳи кормандони пулиси тоҷик ҳамдардии худро ба наздикони қурбониён баён намуда, қайд кард, ки Иттиҳоди Аврупо тадбирҳои андешидаи ҳукумати Тоҷикистонро баҳри боздошти гурӯҳи ҷинояткорон, ҳифзи амнияти давлатӣ ва субот дастгирӣ мекунад.

Ҳелга Шмидт гуфтааст, Иттиҳоди Аврупо омодааст, ҳамкории зич бо Тоҷикистон дар соҳаи амният, аз ҷумла мубориза бар зидди терроризмро идома диҳад.

Ин ҳамлаҳо субҳи 4 сентябр дар шаҳрҳои Душанбею Ваҳдат сурат гирифта, дар натиҷаи онҳо наздик ба 10 корманди пулис ҷон додаанд. Мақомот мегӯянд, ҳамлаҳо алайҳи кормандони пулис кори Назарзода ва Умаров мебошад.

Матолиби бештарро доир ба мавзӯъ аз ин ҷо мутолиа карда метавонед>>

Мавзуҳо:
Балвои генерал: аз Душанбе то Ромит (22)
Барчаспҳо:
ҷонибдорӣ аз ҳукумати Тоҷикистон, изҳори нигаронӣ, сӯҳбати телефонӣ, ИА, Муовини Дабири кулли Хадамоти амалиёти хориҷии Иттиҳоди Аврупо, Сироҷиддин Аслов, Ҳелга Шмидт, Тоҷикистон, Душанбе

Мавзӯъҳои асосӣ