ВКД: боздошти боз 3 ҷонибдори Ҳоҷӣ Ҳалим

© SputnikШарҳе, ки дар шабакаи Facebook аз номи генерал Абдуҳалим Назарзода ба нашр расида буд
Шарҳе, ки дар шабакаи Facebook аз номи генерал Абдуҳалим Назарзода ба нашр расида буд - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Мақомоти қудратӣ ба таваҷҷӯҳи сокинон мерасонанд, ки касоне, ки яроқу аслиҳа ва дигар лавозимоти ҷангиро муайян намуда, ихтиёран ба мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ месупоранд, ё хабар медиҳанд, ба ҷавобгарӣ кашида намешаванд.

ДУШАНБЕ, 14 сен — Sputnik. Рӯзи гузашта аз ҷониби кормандони ВКД, КДАМ ва дигар сохторҳои қудратии ҷумҳурӣ зимни гузаронидани амалиётҳои махсус дар дараи Ромити ноҳияи Ваҳдат 3 нафар аъзоёни фаъоли гурӯҳи Назарзода Абдуҳалим Мирзо (Ҳоҷи Ҳалим) дастгир гардиданд, иттилоъ медиҳад сомонаи ВКД ҶТ.

"Инчунин, аз ин гурӯҳи ҷиноятпеша як адад автомати «АКМ», як таппончаи «Макаров» ва миқдори зиёди лавозимоти дигари ҷангӣ дарёфт ва мусодира карда шуд",- меафзояд манбаъ.

Масирҳои эҳтимолии фирори генерали “исёнгар”

Ҳамзамон, дар иттилоъияи Вазорати корҳои дохилӣ ва Кумитаи давлатии амнияти миллии ҷумҳурӣ барои ҳамкории фаъолона ва расонидани кӯмак ҷиҳати дастгир намудан ва несту нобуд гардонидани гурӯҳи мазкур ба шаҳрвандон миннатдорӣ баён гардидааст.

Дар баробари ин, мақомоти қудратӣ ба таваҷҷӯҳи сокинон мерасонанд, ки касоне, ки яроқу аслиҳа ва дигар лавозимоти ҷангиро муайян намуда, ихтиёран ба мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ месупоранд, ё хабар медиҳанд, ба ҷавобгарӣ кашида намешаванд.

Маврид ба ёдоварист, субҳи 4 сентябри соли равон дар шаҳрҳои Ваҳдат ва Душанбе алайҳи кормандони пулис, аз ҷумла Дастаи таъйиноти махсуси Вазорати умури дохилии Тоҷикистон ҳамла сурат гирифт, ки дар пайи он наздик ба 10 корманди мақомоти қудратии кишвар кушта шуданд.

Вазорати умури дохилии кишвар пас аз чанд соати ин ҳамалот бо нашри изҳороте ин ҳамаро кори дастаи террористие хонд, ки гӯиё аз сӯи Абдуҳалим Назарзода, муовини пешини вазири дифои Тоҷикистон ташкил гардидааст. Масъулини ВКД дар изҳороти худ таъкид карданд, ки муовини пешини вазири дифои Тоҷикистон узви ҲНИТ аст.

Дар ҳоли ҳозир амалиётҳои якҷояи сохторҳои қудратии кишвар дар дараи Ромити ноҳияи Ваҳдат оиди безарар гардонидани аъзоёни гурӯҳи Ҳоҷӣ Ҳалим идома дорад. То имрӯз беш аз 100 ҷонибдори генерали фирорӣ боздошт ва 20 тани дигар кушта шудаанд.    

Лентаи хабарҳо
0