19:24 20 августи 2019
Пахши мустақим
  • USD9.70
  • EUR10.74
  • RUB0.15
Сарҳадбонон

Тоҷикистон назоратро дар марз бо Афғонистон пурзур кард

© Sputnik / Семиряга
Амният
Гирифтани линки кӯтоҳ
10 0 0

Дар пайи даргириҳои густарда миёни неруҳои милии Афғонистон ва ҷангиёни Толибон дар вилояти Қундуз, ҳаммарз бо вилояти Хатлон мақомоти сарҳадбонии Тоҷикистон назорат дар хати марзро пурзур карданд.

ДУШАНБЕ, 1 окт — Sputnik. Сарраёсати қушунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон дар пайи ҳаводиси ахири вилояти Қундузи Афғонистон назорат дар хатти марз бо ин кишварро пурзур кардааст, менависад, Оҷонсии "Tojnews" бо истинод ба сухангӯи ин сарраёсат Муҳаммад Улуғхоҷаев.

"Ҳодисаҳои ахири вилояти Қундӯзи Афғонистон, ки ҳаммарзи вилояти Хатлони Тоҷикистон аст, ягон таҳдиде ба амнияти марзҳои муштараки мо то ҳол эҷод накардааст. Бо ин вуҷуд, назорат дар марзҳо пурзӯр карда шуд", гуфтааст, сухангӯи Сарраёсати қушунҳои сарҳадии кишвар.

Ҷангиёни Толинбон чаҳор рӯз пеш дар пайи як ҳамлаи густурдаи худ тавонистанд, шаҳри Қундуз, маркази вилояти Қундузи Афғонистонро таҳти тасарруфи худ қарор диҳанд. Аммо субҳи 1 октябр хабаргузории хабаргузории "Khaama Press" аз қавли Сидиқ Сидиқӣ, сухангӯи Вазорати корҳои дохилии Афғонистон хабар дод, ки неруҳои вижаи ин кишвар дубора шаҳри Қундузро аз дасти Толибон озод кардаанд.

Сидиқӣ гуфтааст, бо вуҷуди озод кардани шаҳри Қундуз ҳанӯз амалиётҳо дар манотиқи гуногуни вилояти Қундуз идома дорад.
Вилояти Кундузи Афғонистон бо вилояти Хатлони Тоҷикистон ҳамсарҳад мебошад. Дарёи Омӯ аз ҳамин сарҳад мегузарад ва ҳамчунин ҷангалзоре дар ин қитъаи марз вуҷуд дорад.

Барчаспҳо:
пурзур, сарҳад, марз, Толибон, Афғонистон, пурзури назорати марз, Муҳаммад Улуғхоҷаев, Сидиқ Сидиқӣ, вилояти Хатлон, Қундуз, Афғонистон, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ