23:42 20 августи 2019
Пахши мустақим
  • USD9.70
  • EUR10.74
  • RUB0.15
Фармондеҳи ПНР полковник Денис Лямин зимни маросими таҷлили 70-солагии ҳузури ин пойгоҳ дар хоки Тоҷикистон

Фармондеҳи ПНР: пойгоҳ тавони иҷрои ҳама вазифаҳои вогузоршударо дорад

© Sputnik Амир Исаев
Амният
Гирифтани линки кӯтоҳ
23 0 0

Пойгоҳи низомии “201”-и Русия (ПНР), ки воҳидҳои он дар шаҳрҳои Душабею Кулоб ва Қурғонтеппа мустақаранд, дар омода кардани мутахассисони хурди низомӣ, аз қабили ронандаҳои тонку зиреҳпӯш фаъолона саҳми худро мегузорад.

ДУШАНБЕ, 1 окт — Sputnik. Пойгоҳи низомии "201"-и Русия барои иҷрои тамоми масъулиятҳои бардӯши он вогузоршуда қодир аст, изҳор дошт, фармондеҳи ин пойгоҳ Денис Лямин дар суҳбат бо хабарнигорон зимни чорабинии бахшида ба 70-умин солгарди  ҳузури ҷузъу ПНР дар қаламрави Тоҷикистон.

Пойгоҳи низомии "201"-и Русия рӯзи панҷшанбе ба ин муносибат чорабиниеро баргузор кард. Аввалин ҷузъу томҳои ин пойгоҳи низомии Русия рӯзи 1 октябри соли 1945 вориди шаҳри Душанбе, пойтахти ҶСШ Тоҷикистон шудааст. Воҳидҳои пойгоҳи мазкур дар се шаҳри бузурги Тоҷикистон — Душанбе, Кулоб ва Қурғонтеппа, ки ду тои онҳо дар минтақаҳои ҳаммарз бо Афғонистонанд, ҷойгир шудааст.

28 сентябр ҷангиёни ҷунбиши Толибон аз се ҷониб ба вилояти Қундузи Афғонистон ҳамла оварда, маркази ин вилоятро таҳти тасарруфи худ қарор доданд. Вилояти Қундуз дар 120 километрии ҷануби марзи Тоҷикистон воқеъ аст.

Денис Лямин дар посух ба суоли хабарнигорон, ки оё пойгоҳи низомии Русия дар сурати пешрафти Толибон ба самти хоки Тоҷикистон тавоноии таъмини амнияти ин кишварро дорад, гуфт, ки "пойгоҳи ҳарбии Русия қодир аст, ҳама гуна вазифаҳое, ки бардӯши он гузошта мешавад, тибқи фармони сарфармондеҳи кулли нерӯи Русия ва дар ҳамоҳангии бо ҷузъу томҳои Вазорати мудофиаи Тоҷикистон иҷро намояд".

Ба назар мерасад, ки низомиёни рус дар пешрафтҳои маҳаллии ҷангиёни Толибон хатари ҷиддиеро барои марзҳои ҷанубии ИДМ намебинанд. Ба гуфтаи ӯ, ин пойгоҳи низомӣ ҳоло дар ҳолати муқаррарӣ фаъолият дорад.

"Пойгоҳи низомӣ аз пайи иҷрои вазифаҳои рӯзмараи худ — сайқал додани маҳорати ҳарбӣ, ҳамоҳангии амали ҷузъу томҳои он, ки дар се гарнизон ҷойгиранд, мебошад", — афзуд ӯ.

Фармондеҳи ПНР инчунин изҳор дошт, ки онҳо бо намояндагони Вазорати дифои Тоҷикистон ҳамвора ҳамкорӣ доранд. Ба гуфтаи ӯ, низомиёни русу тоҷик пайваста машқҳои муштаракеро анҷом медиҳанд, ки зимни онҳо маҳорати ҳарбии низомиёни ҳар ду кишвари дуст сайқал дода мешавад.

Ҳамзамон ПНР "201" ба ҷониби Тоҷикистон дар омода кардани мутахассисони хурди низомӣ кумак менамояд.

"Мо дар як ҷоягӣ бо Вазорати мудофиаи Тоҷикистон барои оомода кардани мутахассисони хурди низомӣ чорабиниҳоеро баргузор мекунем. Дар се машқгоҳ мо фармондеҳони тонк, нишонгир, ронандаи тонку зиреҳпӯш ва мутахассисони тӯпхона (артиллерия) таълим медиҳем", илова кард Денис Лямин.

Гузориши муфассал аз рафти баргузории ин чорабинӣ дар ПНР-ро метавонед, фардо дар сомонаи Sputnik бихонед.

Барчаспҳо:
Пойгоҳи низомии "201"-и Русия, маросим, таҷлил, Пойгоҳи низомии 201 Русия дар Тоҷикистон, Денис Лямин, Кулоб, Қурғонтеппа, Афғонистон, Душанбе, Тоҷикистон, Русия

Мавзӯъҳои асосӣ