03:24 16 июли 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.64
  • RUB0.15
Боздошт кардан. Акс аз бойгонӣ

Боздошти як шаҳрванди Русия ба иттиҳоми ифротгароӣ дар Қирғизистон

© Sputnik / Владимир Астапкович
Амният
Гирифтани линки кӯтоҳ
14 0 0

Аз боздоштшуда адабиёти мамнуъ, акс ва наворҳои таблиғотию маводҳои дигари марбут ба яке аз ҳаракатҳои террористӣ мусодира кардаанд.

ДУШАНБЕ, 3 ноя — Sputnik. Як шаҳрванди Русия аз сӯи мақомоти амниятии Қирғизистон ба иттиҳоми ифротгароӣ боздошт шудааст, хабар медиҳад бахши қирғизии Sputnik бо истинод ба Кумитаи давлатии амнияти миллии ин кишвар.

"Як шаҳрванди 24-солаи Русия, ки қаблан дар кофтукоби ҷиноӣ қарор дошт, дар пайи амалиёти фаврӣ-ҷустуҷӯии мақомоти амниятӣ дар вилояти Чуй боздошт шудааст", — меафзояд манбаъ.

Аз боздоштшуда адабиётҳои мамнуъ, акс ва наворҳи таблиғотию маводҳои дигари марбут ба яке аз ҳаракатҳои террористӣ мусодира кардаанд.
Ҳоло алайҳи ӯ бар асоси банди 2-и моддаи 299-и Кодекси ҷиноии Қирғизистон (истеҳсол, нигоҳдорӣ, тақсимот, интиқол ва ҳамлу нақли маводи экстремистӣ, инчунин истифодаи қасдан аз рамзҳои ё хусусиятҳои созмонҳои ифротгаро) парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.

Ин шаҳрванди Русия дар доираи ин парванда ба ҳабси пешакӣ гирифта шуда, тафтишот идома дорад.

Барчаспҳо:
КДАМ, акс, адабиёт, ифротгаро, шаҳрванд, навор, ифротӣ, мамнуъ, боздошт, ҳаракат, ҳабс, Русия, Қирғизистон, боздошт, КДАМ Қирғизистон, Қирғизистон, Русия

Мавзӯъҳои асосӣ