16:22 07 марти 2021
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.50
  • RUB0.15
Амният
Гирифтани линки кӯтоҳ
12 0 0

Муовини вазири мудофиаи Русия Анатолий Антонов 4-уми ноябр аз таҷаммуъи ҷанговарони ДИИШ дар шимоли Афғонистон, наздик ба марзи Тоҷикистон изҳори нигаронӣ кард.

ДУШАНБЕ, 5 ноя — Sputnik. Хабари ҷамъ шудани ҷангиёни "Давлати исломӣ" дар назди марзи Тоҷикистон овозае беш нест, мегӯяд Муҳаммад Улуғхоҷаев, сухангӯи Сарраёсати нерӯҳои марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон.

Ин дар ҳолест, ки дирӯз муовини вазири мудофиаи Русия Анатолий Антонов дар бораи нигарониаш аз таҷаммуи ҷангиёни ДИИШ дар назди марзи Тоҷикистон иброз дошта буд.

"ДИИШ аллакай 25 музофоти Афғонистонро зери тасарруфи худ гирифтааст, ки ин ҳолат нигаронкунанда аст", — гуфт дирӯз Антонов.

Аммо, ба гуфтаи Улуғхоҷаев, хатҳои марзи Тоҷикистону Афғонистон таҳти назорати хеле ҷиддианд.

"Ба ҷуз ин, аз он ҷониб, яъне дар шимоли Афғонистон амалиёти зиддитеррористии қувваҳои ҳукуматӣ идома дорад. Ҳамчунин то имрӯз боре яз ҷониби толибон ва ё ҷангиёни ДИИШ кушиши воридшавӣ ба Тоҷикистон нашудааст", — таъкид дошт Улуғхоҷаев.

Ба гуфтаи ӯ, ҳифзи марзи давлатӣ ба таври мунтазам дар ҳамдастӣ бо кишварҳои ҳамсоя идома дорад.

Барчаспҳо:
марз, Сарраёсати нерӯҳои марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон, ДИИШ, Муҳаммад Улуғхоҷаев, Анатолий Антонов, Афғонистон, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ